Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ғулом сахт наъра кашид шерона ва баъд тирхўрда шуд, ки ларзид, вазн бар бону андохт.
Гўйӣ бону то ҳанўз чӣ будани мардро намедонист, нав лаззат бурд. Тар шуд. Чунон ки аз ҳазор як бор шавад ё нашавад. Ба назар дилу ҷигараш об шуда бирехт. Ба хаёлаш андар биёбони тафсону сўзон чунин мебоист...
Бадрия паҳлў гашт ва рў ба осмони соф овард. Ва донист, ки нури офтоб баланд аст, чашмбар. Чашм пўшид чун бону. Дарёфт, ки фурсати андеша бошад. Бону низ чунин андеша дошт ва намехост бо ягон садо, суол ва ё ҷунбише лаззатро гум кунад. Дард дошт нармайи гўшаш. Дарёфт, ки ғуломи ба ваҷд омада дандон кардааст. Даст бурда хабар гирифтанӣ шуд, вале натавонист ин кор бикунад, зеро риштайи андешаҳойи ҳар ду гусаста мегашт.
Ҳар ду руйболо буданд, ҳанўз ҳам нафасашон тез буд. Осмони соф чун рўйини андуда сахт тафсида буд, ки гармтарашон мекард.
...ва ғулом лакот гашт. Бе ҳама ташвишҳойи пархошу фирору пинҳоншавиҳо, чарх гаштану садойи суми сутурон ва муҳаббати бонуву заҳри забони олуғдагиаш ғуломи хаста хастатар шуд. Ба хусус лаҳзае пеш кори бо бону кардааш, ки гўйӣ охирин бошад, шалпару лакоташ гардонд... Ҳолиё хур-хур дорад. Ба назари бону беғам метобад ва ё бамуродрасида, ки хоб бурдаш... Вале пурғамтарин инсон ўст. Андар пинҳону ниҳон ғулом аст ва андешаҳояш дар хоб такрор шаванд, ки баъд аз ин зинда монад ё на. Ба хусус баройи бо бону фирор карданаш бибояд сари мехи гудохтайи тез бинишонандаш. Ду чашмаш ба мехи сурх, ки аз офтоб ҳам чашмработар аст. Вале гумон надорад, ки ўро бар он нишонанд. Зеро гуноҳи ў ба касе рўшан нест ва бону ба касе арз накарда. Бону андар паҳлўяш. Ба ў менигараду ба мехи гудохта. Бисёр дидаанд чунин мехи тез гудохтану одам бар он нишонда куштанҳоро, вале гумон надоранд, ки...
Ва фарёд зада хест ғулом. Даст бар мақъад бибурд, ки месўхт.
Ҳамин ки бар мехи оташин нишонданду то гулў сўхт, фарёд зада бедор шуд. Даҳонаш воз, чашмонаш боз ва забон кашол фарёд зад, баъд ба нолаву шеван гузашт.
— Газид?! – парешон пурсид бону. Ва ҳама андешаҳояш, ки ў хаёлан банд андар базми арўсийи Барзин буд, барбод рафтанд.
– Қофила даргузар аст бадрия, фарёд мазан, рўсияҳ шавем!
Ва забони ғулом гирд зада буд, наметавонист ҳарфе бигўяд.
Ғел гашт ва даст ба думбайи бараҳнайи хеш бурд.
— Ку бубинам, шояд чизе халида бошад!
Бону сар такон доданҳойи ғуломро маънӣ нагирифт. Аз хоби пурдаҳшат ва дарди думба барда забонгирифта шуд ва наметавонист андеша бифаҳмонад ўро. Сар такон дод. Боз бону чизе нафаҳмид ва ғулом ғел мегашт. «Сўхтам!» садойи замбўронайи ў чунин маънӣ дошт, бону нафаҳмид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор