Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Надонистам, ки тарсуйӣ, Бадрия. Ман, ки ҳанўз шаҳодат надодаам ба мардиву номардийи ту. Ва Барзин чизе, ки надонад, ошкор накунад. Аз чӣ тарсӣ?
— Тарси ман аз худам нест, бону... Тарсам аз шумост. Агар ин сирр ба мақдуниён ошкор гардад, мазаммат кунанд сипаҳсолори порсро ва бадном кунанд занони порсиёнро.
— Акнун аз чӣ тарсӣ, ки мо дар биёбон мондем?
— Аз чизе натарсам, магар ки бонуро гум кунам.
— Моро галайи гургони гурусна хоҳад дарид.
— Боке нест, бону... Ман, ки бо шумоям, шумо, ки бо манед.
Магар орзуйи мо ин набуд, ки ду тан бошем? Аз ҷамъияти пуршўру шарр дур бошем ва касе моро халал надиҳад... Ин ҳама ҳарфи шумо буд?
— Оре, ҳарфи ман буд. Ҳолат дигар буд: вақте буд, ки зиёд мехостам касе моро набинад, халал нарасонад ва мо чун ду мори бараҳна ба ҳам бипечем, биомезем, обу адо шавем... Аммо ҳоло тарсам аз онрўза фузунтар аст... Пиндорам, ки даррандагон моро якҷоя бидаранд...
— Баройи ман авлотар аст якҷоя андар шиками гурозон будан аз он ки зери шиканҷайи мақдуниён мондан.
— Агар ки бо ман якҷоя буданро мехостӣ, чаро дар нимароҳ фуромадӣ?
— Медонистам, ки бону аз паси ман фароянд...
— Чун донистӣ?
— Зеро ин орзуйи ягонайи ман ва бону буда бошад. Ва боз...
— Ва боз… чӣ?
— Ва боз лаззате, ки бону аз ғуломи сиёҳ гирифтаанд, аз ҳеҷ кас ва аз ҳеҷ чиз надидаанд...
— Не! Не! Не! – нозгунҷона дудаста, вале оҳиста-оҳиста ба сари синайи ғулом зад бону, ки ҳолиё бардайи сахтҷон ўро андар замини сахт хобонад ва савор шавад... ва алам тоза кунад. Он гоҳ бону сабук гашта аз паси духтараш гўя кунад... Аммо ҳабаши сахтҷону тановар чунин накард. Балки чизе гуфт, ки Катоюн гумон ҳам надошт:
— Чун Барзин бо Искандар пайвандад, шуморо хор хоҳанд дошт, бону...
Пешгўйиҳойи ғуломро сарфаҳм нарафт ва дар шигифт монда пурсид.
— Чаро чунин гўйӣ?
— Барзин ташнайи мард аст ва Искандар сахт хуш омада. Чун духтар бо шоҳи мақдунӣ пайвандад, ҳама чизро фаромўш кунад...
Ман мурдаву шумо зинда, бону, агар рўзе Искандар Барзинро хор дорад, заволаш расад. Дар дунё аз Барзини шумо меҳрубон ва бадгиру бадкина зане нахоҳад буд. Ва чунин рўз фаро хоҳад расид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор