Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Клеопатр фарёд заданӣ шуд, натавонист. Зеро аллакай гулўяш гирифта, забонаш аз даҳон бурун омада буд. Наметавонист чизе бигўяд. Ҳаракату ишораву талвосаҳояшро ҷин намефаҳмид ва ё фаҳмидан намехост. Хами пойи Клеопатрро лагад зад ҷин ва ў ба зону фитод. Расан хафа кард гулўяшро. Даст бурд ба марҷон, то барканад. Мадор накард. Вазнаш тангтар мекард гулўяшро...
Олимпиада бисёр афсонаҳойи асотирийи юнонӣ шунида буд, вале афсонайи тозаро худи ў сохт. Ў чунон сохт ин афсонаро, ки касе надида, нашунида ва ҳатто ба рух доданаш гумон надошта.
Ў гузашт ба хонайи дигар. Бадал кард либос. Худро осуда гирифт ва биншаст ба тахти шоҳӣ, ки шоҳ Файлақус дигар ворис надорад.
Ариддуси камақл тахту тоҷ саришта карда натавонад, Искандар хурду нокордида ва то ба воя расидани ў малика маснаддорӣ хоҳад кард. Вале андарунаш хавфи зиёдест. Пиндорад, ки Искандар хашму кина варзад бар кирдори Павсаний ва қасд ситонад аз модар... Чун дарёфт, ки ба кору нақшаву андешайи хеш банд аст, ба ободонийи гўру гўрхонайи Павсаний пардохт малика. Агар то имрўз тахмин мекарданд муносибати Олимпиадаву Павсанийро, акнун яқин доранд, ки онон унс гирифта ба ҳам. Олимпиада ба сари гўри Файлақус намерафт, ободу ороста намекард, балки ҳар коре, ки аз дасташ меомад, баройи гўри Павсаний мекард!
БаНди ЧАҲОРУМ
Искандари ҷавон меҳру муҳаббатро ба асби болдору ёлдор Бусефал баста, ки замоне дўсти падараш Демарати коринфӣ дар озмуни шеъру мусиқӣ шоҳзодаро пирўз дониста тойи зебову хушҳайкалу шербасро ҳадя карда буд. Ва он тойи саркашу шўхро касе саришта карда наметавонист. Ва Искандари ҷасуру нотарс биншаст бар Бусефали болдор. Асб чароғпоя гашту ҷуфтак заду ҷаҳид, то савор барандозад аз дўш, аммо Искандар чу кана часпид бар асб. Бусефал чун пирўзийи саворро пай бурд, бол бароварду парвоз кард. Шоҳу малика аз ин ҳол чашмонашонро пўшиданд ба даст, ки тоқати аз баландӣ афтодани писарро надоранд. Ва чун чашм кушоданд, диданд, ки Бусефал баргашта ба наздашон ва сум мекўбад. Шоҳзода хандон аст... Афсона… Чун шоҳ ин ҳол дид, пеш омад, даст бар дўши писар ниҳод. Ва фармуд:
«Мақдуниё туро танг бувад, Искандар, дунёйи дигар биҷўй...»
Ва аз он рўз Искандар бо фараси болдори хеш сайру саёҳати мулки падар мекунад ва чунон ба назар мерасад, ки дар сари шоҳзода ё ҳаваси тоҷу тахт нест ва ё империяйи сохтайи падарро хуш надорад. Ҳаваси навҷавониаш бештар бар он аст, ки бозиҳойи кўдакиашро дар амал бинад. Хаёлаш ки дар гўшае ошўбе рух диҳад ва ў он ҷо бирасад ҳамчун сарфавҷ, сарсипоҳ ё сипоҳдор; хашм гирад ба душман ва овезад ба ҷанг.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё