Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«Назарбаланд бошад Искандар, гетерҳойи зиёд дорад, ба занҳойи бева, ба хусус ба занҳойи адўвон кордор нашавад» ба хулосае омад Барзин, ки овозайи Гулгун – духтари Дороро рад кардани Искандарро шунида буд.
Искандар бовиқор метофт, аммо фарре надошт, бештар фармонфарморо мемонд ва аён буд, ки ҳамагон аз ў тарсанд; ин чиз аз гирду фаро гарифтану сиёҳмушкинро ҷилавдорӣ кардан ва беамр коре накарданашон пайдо буд. Шоҳ вонамуд мекард огоҳ нест аз чизе ва ё андаруни гардуна касе ўро нигарон нест. Биомаду ба касе нигоҳ накард, амру фармоне нашуд, пардайи зарди хаймааш бардошт ва пое дарун, пое берун бозистод. Гўйӣ андешайи аз сараш рафта бозомад; фикри хуфтаашро бедор кард. Кабўтарона гардан тофта сўйи гардуна нигарист ва пойи дарун гирифт берун.
Барзин мушоҳида дошт, то чӣ кор кунад шоҳ. Дар чеҳрайи Искандар табассуми кўдакона дамид. Модар беихтиёр ба Барзин нигарист, то чӣ гуна шавад гунааш. Бахудомада ва хандон буд.
Шоҳ Искандар вонамуд мекард, ки майдони хаймаву саро мебинад, дар асл андешааш дигар буд: «Ин моҳлиқо аз кадом иқлим аст?» Гулгун сабзина буд, ин гардунасавор сапед тобад, ки бо ширу шакар парварда бошанд... Бо ҳазор пиндор оҳиставу ба мулоҳиза гом зада омад назди гардуна.
Чашмони модар дўхта буданд сўйи ў, ки ҷангҷўро монад; балки як ҷавони шикебо, ботамкин ва боадаб бошад. Вале ин қадар диранг аз баройи чӣ? Назарбаландӣ дорад ва шоҳзодагиашро собит кардан хоҳад. Ва шояд навъе таъкид низ бошад, ки шоҳи мақдунӣ зор набувад ҷинси занро.
Ва Барзин басанда мекард тапиши дилашро ва зиёдтар аз модару Искандар андеша дошт. Бузургтарин андешааш он буд, ки мақдуниён душмани юнониёну порсиён буванд ва ў аз шоҳи мақдунӣ Искандари писари Файлақус марҳамате набинад. Шоҳи гетербоз, ки кайҳо шўҳраташ байни занон рафта, ба базму айш омўхта гашта, зандорӣ натавонад. Вале ғайричашмдошти ў Искандари маккор ба ў эътиборе надод. То назди гардуна омаду бозистод ва ба ў нигоҳе накарда, фармуд сарбозон хаймаву саро баркананд ва бор банданд.
БаНди ШАШУМ
Сиёҳмушкин гардуна мекашид. Модару духтар, ки кўчнишинӣ
ва садойи якнавохти чархи гардуна ба дилашон зада буд, аз ароба
зер омада пиёда гом задан хостанд. Барзин аз беэътиборийи шоҳ
Искандар ба танг омада, пиёда рафтан хост, то шоҳи ҷавон болойи
сиҳӣ ва хиромидани ўро бубинад, ҷазбманд гардад. Вале модар
баройи он пиёда шуданӣ буд, ки чархи ғижакнавози гардунайи
паҳлўро канда, дур андозад, то як нафас гўшаш биоромад... Аммо аз наърайи сутурон, садойи суми онон ва нооромийи кайҳон гурез набуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор