Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Надонист, ки дилаш гум зада ширин фурў рафта буд...
Баргашту нигашт ба модар. Ў дида ба берун дошт, тамошо мекард гашти шоҳ Искандарро. Чунин рафтори модар ҳаваси Барзинро афзуд ва ў бештар майли он сў нигаштан кард ва беихтиёр аз китфи модар тела дод, то хубтар бубинад шоҳро.
— Шоҳи Мақдунӣ ин аст? – гўлона пурсид модар. Барзин гўйӣ садойи модарро нашунид, посух надод, то боз чӣ гўяд, Модар идома дод: – А? Ҳамин аст?
Чунон буд, ки Барзин аслан нашунавад садойи модарро, балки чун коҳ майл дорад сўйи каҳрабо. На танҳо ҳушу ёдаш ва майлаш он сў, балки рўҳаш ва вуҷудаш рафта он ҷо.
Модар пай бурда майли ўро ва дилаш равшан гашта. Фақат чун модар шоду хуррам аст, зеро ҳама гуна модар бахти хуши фарзандро хоҳад ва бадтарин рўзаш он бувад, ки ашки фарзандро бинад. Ин лаҳза ҳама гуна кина ва душманиро аз ёд дод ва фаромўш кард, ки адў омада ва ягон омада ба бумиён гузашт накунад ва ҳеҷ меҳмон кадхудо нагардад ва селовард дорбом нашавад.
— Ба гумонам, ҳамин аст шоҳ... – беихтиёр гуфт модар ва баройи ҳуши духтарро бедор кардан боз гуфт: – Базеб...
Рост. Миёни палангинапўшон, чарминапўшон, зиреҳу ҷавшанпўшон ва сипоҳони саропо низомипўш ҷавони ҷомайи зарнигор пўшида дигаргуна намуд: ҷавониаш, шербасу ялтан буданаш ва гомҳойи сабуку бонизом бардоштанаш, гунаҳойи кушоду равшан доштанаш ва банур буданаш таноби дили духтару модарро кашид.
Вале Барзин чизе ҳувайдо накард. Балки гуфтанӣ мешуд, ки гили ин тойифаро аз як хоктўда гирифтаанд. Боз лабу забон газид:
«Хомўшӣ – ҳазор тилло». Нафрати ў зиёдтар буд аз нафрати модар ба ки тойифа «хунхорон». Падарашро куштанд, шавҳаронашро куштанд ва савори гардуна шояд зиёдтар аз нависанда Коллисфен дида бошад. Воқеанигор Коллисфен ҷангномаро нависад, аммо эҳсосу дарку ҳаяҷону ангезаҳойи дигаронро нигошта натавонад.
Чизеро нигорад, ки ба Искандар хуш ояд ё ба муроди дили ў бошад. Аммо хоҳишу диди Барзин дигаргуна бошад: чун нафаре, ки
1 ҳаргиз нахоҳад набарду пархошро, кушишро, дастандозро.
«Шоҳ Искандар дар дойирайи «дўстон» гом мезад; чунон буд, ки чизеро ҷўяд. Ба истодагон, буни хаймаҳо, сипоҳони сафороста, гардунаҳо ва ҳатто сутурони баставу сарҳўй, говҳойи ба қурбонӣ ва ё рўзийи сипоҳ оварда, дида мечаронд ва аз ҳар чизи дидааш гўйӣ дархосте дошт.
Модар гўшайи чашм андохта ба духтар. Барзин дида дуздонд, ки сўйи шоҳ нигоҳ намекарда бошад.

  1. Дастандоз – ғорат.
пешина
аз 390
навбатӣ