Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Дигар нагуфта намонд?
Сипаҳсолор Пармониён чунин бозпурсҳойи шоҳро медонист, ки беҳуда набувад. То сохтакориаш рў назанад, гуфт:
— Боз аҳлу аёли Ортабоз, ки гуфтам.
— Чӣ гуна ва чунанд?
— Занаш думўя ва духтараш безабон.
— Безабон? Гунг?!
— На. Забонаш лакнат дорад.
— Ман шиносам ўро...
— Шиносед?
— Оре! Замоне, ки шоҳ Файлақус баройи Аттал шуда маро аз даргоҳаш ронда буд, ман бо Ортабоз дучор омада будам... Аз он рўз чаҳор-панҷ сол гузашт. Хурд буд, шояд бузург шуда?
— Оре, бузург шуда. Зани тағоҳойи хеш буда. Аввал зани Ментор, сипас зани Мемнони сипаҳсолор... Яъне бародарон гирифта.
— Баройи ҳуснаш?
— Бале... На!
— Чаро сипаҳсолор ошуфтаву парешон?
— Баройи он ки духтари сипаҳсолор аз лакнати забонӣ дар дасти касе озор наёбад...
— Ва сипаҳсолор баройи ҳамин парешон? – пурси ўро дарк накардани Пармониёнро пай бурда боз пурсид Искандар.
— На! Баройи он ки додар зани бародарро гирифта.
— Пас... пас чизе ҳаст... Ман бояд онҳоро бубинам!
Сипаҳсолор дасту по хўрд ва надонист чӣ гўяд. Шоҳи якрав ва доно фармуд:
— Эвмени хазинадор биёяд!
Эвмени хазинадор биомад. Искандар фармуд, сипаҳсолор ғаниматҳоро ба хазинайи шоҳӣ биспорад.
Сипаҳсолор аз якбора дигар шудани сўҳбат тааҷҷуб кард, вале ҷуз супоридани зару хоста чорае надошт ва чун подоше надид, ҳайратзада бимонд ва андар шигифт буд, ки чӣ кард шоҳ? Чунин набуд. Аз нўги хамир – фатир, одатан хидматона медод. Ин замон дигаргуна буд. Ё худро ба нодонӣ зада ва ё дидаву дониста чунин рафтор карда, ки сипаҳсолор чӣ гўяд. Сипаҳсолор бар он месўхт, ки Эвмени маккору муфтхўр даҳяки гарди хазинаро ба Мақдуниё фиристад, дигари он ҳар сў парешон мегардад ва они ба Мақдуниё расида низ моли шоҳӣ нахоҳад шуд, балки ба дасти ононе расад, ки на танҳо хазина, сарват ё моли дунёро, балки худи кишварро пора-пора кардан доранд. Ҳолиё ба сараш зад, ки беҳуда бувад ҷон канданҳойи ў, беҳуда бувад куштану сўхтану бурданҳояш.
«Барзин дуруст гуфта: «халқҳо аз сару либоси шумо метарсанд, чунон ки баччаҳо аз деву ҷинҳо». Умеди некӣ набувад аз ин бачча... Барзинро бояд гирифта гурезам ва боқийи умрро дар ягон гўшайи ороми дунё гузаронам...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор