Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Барзин ба андешааш посух гирифт ва донист, ки ононро ин ҷо гузоранд ҳам, раҳойӣ нашавад, хуб аст, ки назди шоҳ Искандар равад, шояд ў раҳо кунадашон.
Сар ба ду сў ҷунбонд: «На.»
Кина гирифт сипаҳсолор:
«Ин безабонро ба Уммон баред!»
Вале ба ҷуз модари Барзин касе нафаҳмид маънийи сухани сипаҳсолорро. Ҳарчанд сарбозон ҳозир шуданд, вале намедонистанд муродро, ки чаро сипаҳсолор ўро безабон гўяд ва фармояд ғарқаш кунанд андар баҳри Уммон.
Сипаҳсолор каф ба ҳам кўфт. Сарбозони ба бурдани бону омода дарёфтанд, ки ў аз ройи хеш гашта ва ё амри дигар дорад. Ва Пармониён, ки ҳанўз аз банди андеша раҳо нагашта буд, дарёфт, ки бо марги бону кор анҷом наёбад. Дигарон низ ҳастанд: модари ў, занон ва сарбозони худӣ, ки баройи рутбаву хоставу зар ҳар замон тавонанд касро фурўшанд.
— Порсотарин зан будайӣ, бону. Туро ба шоҳ бахшам, подоши амал аз ў бояд бубинӣ.
Бомдоди дигар корвон ба Димишқ ворид шуд. Искандар, ки аз дасисаҳойи Пармониён огоҳ набуд, сарбозони зиёд ва хидматгузоронро фиристод, то корвонро хуб пазиройӣ кунанд. Сипаҳсолор аз чунин пазиройӣ шод гашт ва дарёфт, ки пайк расида ва шоҳ огоҳ гашта, ки корвони зарру хоста дастгир шуда.
Офтобзард Пармониён ба дари пардасаройи доройӣ ҳозир шуд, вале шоҳи шабрав, ки дўш базми шодмонӣ ороста буд, ўро пазируфта натавонист. Сипаҳсолор чунин пешомадро фоли бад донист, ки шоҳ чунин пирўзиро, ки тавонад Мақдуниёро аз вом озод кунад ва боз суди зиёд биоварад, вогузор мекунад. Сипаҳсолори номдор паси пардасаройи ориятӣ дергоҳ нигарон шуд ва дарозо ба андеша рафт, ки расми одамизод чунин аст, баройи хеш ҳеҷ гоҳ чунин такопў накунад, чунон ки баройи дигарон; рўзгори дигаронро обод дорад, то худ хароб бошад; баройи дигаре заҳмат кашад, то ки ў айш кунад; ҷон канад, то ў шўҳратёр гардад; бадтарин чизҳоро насиби худ донад, то хубтаринаш баройи ў бошад... ва андешаҳойи зиёд. Аммо баъд суол кунад аз худ: «Чаро?» ва ҷавоб наёбад. Табиати одамӣ чунин аст: аввал рафтор в-онгаҳе андеша.
Гашти пешин бедор шуд Искандар ва хештанро андаруни пардасарой дида гуморид, ки ҳанўз дар биёбон аст ва Димишқро нагирифта. Чун рўйи бистар ғел мегашту дар борайи Димишқ андеша мекард, чизеро ёдовар нашуд. Баъд ёдаш омад, ки касе ононро бо нону намак напазируфт, набард накард, озоре надошт.
Шаҳр холӣ буд. Кори сипаҳсолор Пармониён донист ва андар дижу кохҳо маъво нагирифта хайма бизад дар фарохие.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор