Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Маъбади хурди русторо оташ заданд. Қорура андохтанд, ҳама ҷо оташ гирифт. Рустойиҳо огоҳ гаштанд ва чун мурғони ба мурғонча шағол даромада пар-пар заданду парешон гаштанд.
Саворони фракӣ боз ба чаҳор ҷониб тохтанд ва Пармониён селаеро андар биёбон дид, ки чун селайи турнаҳо қатор мерафтанд.
Пошна зад ва рон ҷафид бораашро. Бора ба парвоз омад.
Аз наълайни борайи ў хоку пораҳойи замин пош мехўрд ва ғубор мерўйид. Ва аз миёни фавҷ меғ баланд шуд. Магар қофила ғубори болошударо дид, ки ба ҷунбиш омад ва ҳазимат кард.
Саворони тезтак лигом заданд асбонро ва рў ба кўҳистон оварданд. Аммо корвон монда буд. Уштурон тохт надоштанд, занону кўдакон дар қофила монда буданд. Гўйӣ қурси гардунаҳо аз давр гаштан монда буд. Ашрофзодагон ва пайвандони аъёну акобир низ бо корвон буданд. Он қофила корвоне набуд, ки аз ҷое ба ҷое тиҷорат кунад. Балки ба назар кўчнишинон бору буна баста буданд ва мерафтанд ба дуриҳо аз ҷабри замона. Ҳанўз қофила аз таку гом намонда буд, аммо аён мешуд, ки бо чунин гашт ба ҷое нарасад. Гўё ба назар гом занад, дар асл даррасидани лашкари Румро хоҳад.
Чун ба пас нигаранд, сипоҳи мақдунӣ фарогир меомад. На бо пайраҳойи ошно, ки қофила мерафт, балки роҳу бероҳаро фаро гирифта, саҳрову мазраъро пахш карда, ҳуҷумовар буд, ки лашкари пурзўреро муқобалат карданӣ бошад.
Фавҷи зиёди Пармониён даррасид ва чун ду шохи каждум корвонро амбургир кард ва гўйӣ ба қабза омад қофила. Корвон буд бе сорбон. Садойи чархи гардунаҳо хомўш гашт. Дуди наъли асбон фурў нишаст ва гарду ғубори фавҷ бар сару рўйи сипоҳ ва кўчиён борид. Ҳалқа танг мешуд, чунон, ки гулўйи ашрофзодагон. Касе набуд, то таарруз кунад, касе набуд сухан гўяд. Ҳама чун мусичаҳойи бегуноҳ гардан фурў кашида буданд аз хатар.
Касеро ёройи ба дигаре нигоҳ кардан набуд. Тан дода тақдирро.
Пирмарде пеш баромад. Сипаҳсолорро хуш наомад, ҳанўз ғаш мекард аз пирон. Гиреҳ зад миёни абрўвонаш. Дасташ ба қабзайи шамшер рафт. Кашиду боз фурў дод ба наём. Ва фарёд зад:
«Касе набояд арзи ҳастӣ бикунад!» Пирамард қадаме бозпас гашт ва ҳама сукут доштанд. Дуздона нигоҳ мекарданд аз гардунаҳо.
Саворон пиёда шуданд. Уштурон кафшер доштанд. Нори сапеди солеҳӣ наъра зад. Бонги хатарро мемонд. Ба ишораи сипаҳсолор сарбозе пеш омад. Найза зад ба шиками нор. Нори сапед ҷуфт зад ва ҳамлавар шуд сипоҳро. Сарбоз найзайи аз чап ба рост гузаштаро боз гирифта натавонист. Нори сапед наъра заду ҷуфтак андохту газид. Бор андар хўрҷини кўҳон дошт сахт баста, ки ба

  1. Шишайи нафт, ки оташ зада бар душман андозанд.
пешина
аз 390
навбатӣ