Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва такрор карданд ба як овоз: «Баройи империяйи бузурги Мақдуниёву Юнон!!!»
Чун шоҳ ҷом ба сар кашид, ҳама нўшиданд. Пас ононро ба сари дастархон хонданд. Ҳама шод буданд, ки шоҳ низ як нафар сарбоз аст.
Базм аз нав оғоз ёфт...
БаНди САВВУМ
Сипаҳсолор Пармониёни пуркардаву пурдида чун писаронашро зиндаву саломат дарёфт, дар хидмати шоҳ Искандар камар баст.
Роҳи Димишқро пеш гирифт. Чаҳор шаборўз роҳ сипард то Димишқ. Вале рўзи шашум тақрибан шаш фарсах дуртар аз Димишқ мардеро дастгир карданд, ки порсӣ буд ва хешро фиристодайи шаҳрдори Димишқ медонист. Вале Пармониён бовар накарда бозпурс мекард, то ҳама чиз равшану возеҳ бошад.
— Кӣ ҳастӣ?
— Фиристода.
— Кӣ фиристод?
— Шаҳрдори Димишқ. Бояд назди шоҳ Искандар биравам.
Нома ба шоҳ бубарам.
— Нома чӣ номаест?
— Надонам. Дар мо расм нест, ки нома бихонем. Хиёнат бошад.
— Хиёнат ба кӣ?
— Ба касе, ки туро бовар карда.
— Агар хиёнат ба Ватан бошад?
— Беҳ, ки сар биравад...
— Донӣ, ки нома чӣ мазмун дорад?
— Оре... Шаҳрдори Димишқ ният дорад Искандарро бо нону намак пазиро бошад, шаҳру ганҷинаву хазинаро бахшад.
— Ку, нома бинамо! – дархост кард Пармониён.
— Нома ба паҳлавист, шумо натавонед хондан.
— Пас худат бихон! Ман низ натавонам хондан.
— Пас чӣ гуна мазмуни он донӣ?
— Гуфтандам.
— Дурўғин бувад каломат.
— На, ростин бувад.
— Пас чаро нома нанамойӣ?
— Шуморо надонам, маро назди шоҳ Искандар бубаред.
— Шоҳ Искандар ҳанўз андар Финиқия бошад, то ба ў расидан мушкил бувад ва нома солим нарасад.
— Аз ин рў нома нагирифтам, балки азбар кардам номаро.
Шифоҳӣ бояд бигўям шоҳро.
— Ту ҷосус бошӣ ва дурўғгўй!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор