Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Андар замири сипаҳсолор хуррамӣ пайдо шуд, ки шоҳ эҳтиромашон кунад ва шамшер аз наём кашида, рост бо теғи биниаш дошт, ки ба ту вафодорам, шоҳ.
— Низ донаме, сипаҳсолори бовафо! Шаҳрсозиро таъкид карданам аз он аст, ки бояд чанд муддат ин ҷо бошам ва сипаҳсолор сўйи Миср биравад...
— ...саҳеҳ...
— ...ва то замони бунёди Искандарӣ Мисрро бигирад...
— ...саҳеҳ... – гуфт беихтиёр сипаҳсолор ва ба сараш зад, ки чанде пеш ном гузоштани шаҳрро хоксорона ба пирони кор ҳавола карда буд ва ҳоло Искандарӣ гўяд.
— ...ва шоҳ бояд озод ба вилоят дарояд...
— ...саҳеҳ...
— ...ва иттилоъ дорам, ки қофилае сандуқи зарри порсӣ бубарад ва он қофиларо бояд дарёфт, сандуқ бояд биситонд...
— ...саҳеҳ...
— ...ва оварданд, ки бо он зар ҳама воми Мақдуниё пардохта хоҳад шуд...
— ...саҳеҳ, шоҳам... ва ин ҳарфро набояд каси саввум донад...
— Чаро?
— Душман зиёд кунад ва ба даст оварданаш душвор гардад...
Искандар чизе нагуфта ба андеша рафта буд, ки баҳр ларзид, пасон лаппиду бархўрд ба соҳил. Гўйӣ касе тела диҳад обро ба бел. Сарбозоне, ки наздиктар ба баҳр нишаста буданд, ба по хеста ба дуродури баҳр нигаристанд, то чӣ аломат бошад. Ба д-он монад, ки киштиҳо оянд ва лаппиши об аз ҳаракати онон бувад.
Аммо маълум набувад, ки аз кадом самт оянд, киштиҳойи порсист ё заврақҳойи мақдуниву юнонист. Ҳама мутаваҷҷеҳ гаштанд ва авҷи базм фурў рафт.
Оне баъд аз буни кўҳи Омун, ки чун тимсоҳи азим сар нишеб карда ба дарё фурў рафта буд, як-як мурғобиҳо, китҳо, моҳиён ва тимсоҳҳо, асбону пилон намудор гаштанд ва онон киштиҳое буданд, ба сурати ҷонварон тарошида шуда.
Киштиҳойи ҷангӣ пештар омаданд. Дирафши зарди мақдунӣ парафшон буд. Чун Искандар дирафшҳоро бидид, шодмон гашт, ки башорат оварданд. Чунин қатор шуда омадани киштиҳо дарак аз пирўзиашон медод.
— Онон дар набарди дарёйи Эгей музаффар гаштаанд, шоҳам,
– аз пирўзийи писараш – амирулбаҳр Никонор болида гуфт сипаҳсолор.
— Ҳамин тавр, сипаҳсолор... Ин хуб аст, вале маро ҳашт ҳазор эллиниёни кирояйи порсӣ, ки ба Миср ҳазимат доштанд, парешон кунад.

пешина
аз 390
навбатӣ