Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ин замон баҳри ором ҷўшид. Кўҳмавҷҳо силсила бастанд.
Хуршед мелапид андаруни об. Бод бозӣ доронд баргҳойи рангаро.
Ҳавойи мусиқӣ гетерҳойи шапаракболро бод медод; гўйӣ аз сари як гул бар сари дигаре мепариданд. Ба назари эшон хубтарин гул Искандар буд. Ў бар сари эшон зарпошӣ накард, ки ҳанўз ҳам хазинайи Мақдуниё қарздор аст. Ин базм фарқ дошт аз базмҳойи пешин, чунон ки набарди дўшин аз овардҳойи пешин. Аз соҳили тар, то девлохҳойи хушк ҳама мерақсиданд. Танҳо шоҳ нишаста буду сипаҳсолор ва Коллисфену Аристандри табибу Эвмени хазинадор. Ҳар кадом ба қадри донишу фаҳмиши хеш фикр мекарданд.
Ба гўши Искандар аз даруни об ва мағзи кўҳҳо оҳанг меомад ва ҳама буттаву ниҳолони худрўю ранговарда рақс мекарданд. Ҳанўз ҷоми заррини порсӣ ба дасти шоҳ наафтида ва ў бо шохҷом бода мехўрд, ки мувофиқ буд бо манзара.
— Дар ин кўҳҳо низ нахчир буда бошад? – магар шохҷом бўйи нахчир кард, ки пурсид.
— Кўҳ бе нахчир нашавад, шоҳзода... – гўйӣ навозишҳойи пешинаро ёд оварда гуфт Пармониён, вале Искандарро ин бор нафорид чунин навозиш.
— Шоҳ! – ислоҳ кард сипаҳсолорро Искандар.
— Оре, шоҳ... Лекин баройи ман шоҳзода будани малик Искандар азизтар бувад.
— Аз чӣ рў?
— Маъсум, меҳрубон ва маро на Пармониён, балки «шипаҳшолор» гўяд.
— На. Пармониёни сипаҳсолор гўяд!
— Ҳамтур.
— Ва ў донад, ки шоҳ аз ў чӣ андоза сипосгузор аст?
— На, надонад, вале ҳамин чизро тахмин кунад.
— Чаро тахмин?
— Зеро ҷанг ҷанги ҷавонмардона буд ва Искандари накўкор ва писари Худо ва пайрави Гераклу Ахилли диловар чирадаст омад.
Худоён ёвар буданд ўро... на сипоҳу на сипаҳсолор.
— Ташаккур, сипаҳсолор... Ман пархоши касеро надидаам, вале ҷангҳойи туро дидам. Гурзи туро ҷуз худат касе бардошта натавонад, яли юнонӣ.
— Ва шамшери ахиллийи Искандарро ҷуз шоҳи далер касе ронда натавонад, диловари мақдунӣ.
Ҳамдигарро ситойиш карданд онҳо ва Искандар ба сари матлаб омад:
— Ҳар чӣ буду шуд аз мост, пирўзӣ аз мост, Осиёйи Сағир аз мост, вале ҳоло мулки Порс ба дасти мо наомада. Гўри захмӣ Доройи III ҷавзи осоншикан набувад. Ў ҳама зарри Порсро сарф кунад, то марзу бумаш пойдор бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор