Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— На. Ягон муҳаббат ба муҳаббати зан баробар нашавад...
лекин амон диҳад, ки мухаббатги ў ба нафрат гардад.
— Чӣ шавад?
— Хонаҳо сўзанд, тифлон ятим гарданд, мулк вайрон шавад.
Искандар дигар чизе напурсид, балки мулоҳиза кард, ҳарфи ўро, ба хулосае наомада, ба сараш зад, ки ғелонадаш рўйи ҷогаҳ, вале андешид, ки бой хоҳад дод бозийи оғоз нашударо.
— Нафаҳмидам андешаҳойи туро.
— Оре, нафаҳмӣ... то имрўз мефаҳмидӣ, шоҳдухтар ақлу ҳушатро рабуд, нафаҳмӣ.
— Фаҳмидам. Ҳама маншаат баройи ҳамин?
Тойис аз посух гурез кард ва оҳиста сари пой нишаст, то дар торикӣ шоҳ ҷўядаш. Ва як қадам паҳлў лағзид. Искандар посух
1 нашунид, лекин пойпашро шунид. Даст ёзиду ҷуст, то ба танг кашад, пайдо накард. Ва ба сухан даромад, ки агар номи Гулгунро гирад, ба забон меояд:
— Фаҳмидӣ, ки шоҳдухтар мурда, баройи ҳамин омадӣ?
Муроди Тойис ҳамин буд, ки аз шоҳдухтар сухан ёғоз ёбад; чунон шуд, аммо қасдан ҳарф назад, то девонатар шавад шоҳ.
Шиштанак қадами дигар паҳлў гузошт ва ба рахт оринҷаш расид.
Сабуку оҳиста ёзид ва худро рўйи рахт гирифт.
— Куҷо шудӣ, эй фариштайи хушхў!?
Завқ кард Тойис, посух нагуфт. Балки моросо лағзид рўйи тахти хоб ва дарёзиду ҳалқа зад: зонувон ба синайи тарангаш пахш кард, ки Искандар нағз медид ва сари чочакро аввал бо ангуштон сойида, сонӣ ба даҳон мегирифт; худро ҳам девона мекарду духтарро низ. Тойис иштиҳойи шаҳвонийи лашкаркаши бузургро медонад, зеро аз таълимоти Афлотуну Арасту танҳо сухан монда ба гўши ў, на амал. Аз ин рў Искандар бояд зиндагӣ кунад ва намирад. Намирандагиро на дар меҳнату кор медонад, балки аз пайи он аст, то чизеро дарёбаду хўраду намирад... Ва ҳоло Тойис Искандарро ҳамчунон мехоҳад, ки медонад: дўстдори зан, шаҳвонӣ, меҳрубон ва баъзан дағал, сахттан, багурда, якрў, якқавл, баъзан дилбазан, худбин, худхоҳ, ки ба назар дар олам ҷуз худаш каси дигарро написандад. Тоҷирдухтар чунон андеша дорад, ки шоҳи далерро хубтар аз ў касе нашиносад. Олимпиада якравию гарданшахӣ ва зуъми ўро хуб донад, паҳлўҳойи дигари хулқу хўйи ўро гетери соҳибҷамол бо нозу адову карашмаҳояш ошкор сохтааст. Нозғунҷиаш аз ин ҷост. Ва ҷойи сусти ҷавонмарди диловарро хуб донад. Донад, ки Искандар ба зан наздик шавад, ҳама чизро фаромўш кунад, ҳама чизро бахшад, ҳама корро раво донад. Ва чун пушташ сард шавад, зеботарин зан ҳам ба назараш
- Шарфа; садойи пой; миршаб, мўҳтасиб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор