Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Наздикону пайвандон ҳозиранд дар базме, ки чандин шаборўз идома дорад. Вале ҳамайи ин ба муроди Олимпиада набуд. Олимпиада боз шабе сохт, то хубтар аз ҳама шабҳойи дигар бошад: «Хотимайи базм бояд дар театр бигзарад!»
Розӣ буданд ҳама...
Шом мардум сўйи театр мерафтанд. Касе ёд надорад, ки ба театр чунин сарҷамъ, муттафиқ, бо базму сурур ва шодон рафта бошанд. Рафтани эшон худ намойише буд: шоҳона, банизом ва бошукўҳ. Гурўҳи «Дўстон» мегузашт аз долони зиндайи аз мардум девор сохта. Меҳмонон мегузаштанду фиристодагон, дастайи олирутбайи низомиён, хешу табору пайвандон. Ва ҳама зери назорати Олимпиада буданд. Сохтагийи намойишро ў медонисту нафаре.
Боқӣ ақлу ҳуши ҳамаро бозийи ҷаззоби гетерҳойи соҳибҷамол рабуда буд. Зери оҳанги мутантани мусиқӣ мерафтанд. Ҳама садоҳо ва зарби пошнаро пахш мекард оҳанг. Касе наметавонист андешайи ба сар омадаро ба дигаре гуфта фаҳмонад. Баройи ин даҳон ба гўши якдигар бурдан лозим меомад, ки ҳам хуб набуд ва ҳам бефаросотийи он касро намойиш медод. Мароқангез он буд, ки иштирокчиёни намойиш сурати дувоздаҳ худованди юнониро тори сар бардошта мебурданд. Ва он шом мардум диданд, ки дар радифи дувоздаҳ худоён худойи сездаҳум низ пайдо гашта. Ин сурат ҳайкали шоҳ Файлақуси II буда. Ҳайкали ўро пешопеши худаш мебурданд бар дастак нишонда ва сари дўшҳо бардошта...
Дарбориён мерафтанд, гетайрҳо буданд, ки миёни эшон Арастуйи бузургу донишманд ҷой дошт. Шоҳ Файлақус миёни домод Александр ва шоҳзода Искандар мерафт... Ҷондорони хосайи шоҳӣ иҳота карда буданд эшонро. Эпириён ёд надоранд чунин театр рафтанро. Бонизому муташаккил мерафтанд тамошобинони хоса.
Ҳавойи тафсони моҳи тамуз ҳанўз ҳам дами касро мегардонд, аз роҳи обзада даму бўйи хок ба машом мерасид. Занони нозуки дарбор, хонумони аъёну акобир ва меҳмонони хонда бо рўймолча, бодбезак ва ё кафи кушода бод медоданд хешро. Домонҳойи кашолро андаке бардошта ва ё аз зери каши шавҳарони сархуши хеш дошта, гўшайи чашм ба мардони ғайр андохта ва ё ҳаваси Олимпиадаро карда, шодон, завқидаву хандида, ба театр ворид мегаштанд ва садоҳойи «Шодбош!» боло мешуданд...
Шоҳ Файлақуси II дар иҳотайи дўстону ҷондорон убур кард дарвозайи бинойи театрро ва нидоҳо омад: «Зинда бод шоҳ Файлакуси шуҷоъ!» Ва садову нидоҳойи дигар баланд буданд. Ҳар касе метавонист фарёдӣ мегуфт, то ба гўши шоҳ бирасад садояш.
Аммо шоҳи сархуш фарқ намекард овозҳоро.
Андар убургоҳи дарвоза тўдайи одамон ба ҷунбиш омаданд ва якбора осемасар гаштанд. Зиёд гашт такопўйи эшон, ҷувозак мегаштанд занон бо доду фарёд. Касони ноогоҳ ва сархуш пиндоштанд, ки намойиши театр аз дарвоза оғоз ёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё