Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Кистӣ?
— Ман – Тойис!
— Тойис? Чӣ мекунӣ ин ҷо?
— Мехоҳам Александрро бубинам.
— Магар фардо рўз нашавад?
— Шавад, аммо дер шавад. Ҳамин ҳоло хоҳам ўро.
— Ў низ хоҳад?
— Бале!
— Аз куҷо донӣ?
— Ман донам хўйи шоҳи шабравро. Бовар надорӣ? Бипурс!
Пардадор ҳайрон монд ва баҳона овард:
— Бовар дорам. Аммо шоҳ хоб дорад. Ду шаборўз аст, ки фароғат накарда.
— На! Ў бедор аст, садойи маро шунавад.
— Садойи туро?
— Оре, садойи маро!
— Аҷаб! Вале ман огоҳ ҳастам, ки вақте шоҳ хаста ҳасту хашмиву ғамӣ, касеро нахоҳад.
— Маро хоҳад, ҳоҷиб! Ман аз муҳиббони ў ҳастам! Хастагийи ўро рафъ, ғамашро бартараф хоҳам кард.
— Салламно! – хандид ҳоҷиби сарбоз ва гардан миёни шонаҳо фурў кашид, ки илоҷе надорад:
— То шоҳ нафармояд, рухсат нашавад!
— Пас бипурс ўро!
— На! Ҳоҷат нест ба пурсидан. Шоҳ фароғат дорад.
— На, шоҳ бедор аст ва маро мунтазир!
— Чӣ мегўйӣ? Шоҳ туро мунтазир? Фармуда буд?
— Бале!
— Агар рост аст, сабр бикун, то рўз шавад ва ман бипурсам ва ў гўяд, ки гузорамат ё на.
— На, ҳоҷиб! Ў рўз касеро нахоҳад, кори зиёд дорад.
— Аз куҷо донӣ?
— Фардо базми пирўзӣ...
— Саҳеҳ!... Фардо шоҳро он ҷо хоҳӣ дид.
— На, ман ҳолиё хоҳам дид!
— На, фардо хоҳӣ дид!
— На, ҳолиё хоҳам дид ва хоҳам гуфт, ки туро биронад аз дари ҳиҷоб.
Пардадор шигифт кард, пасон хашм гирифт ба гетер, ки носазо мегўяд. Шоҳ Искандар ўро аз роздонони хеш медонад, вале ин раққоса писандаш намекунад.
— Бирав гуфтам, бирав!
— То шоҳро набинам, наравам, ҳоҷиб!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор