Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Аслан чунон аҳамияте надошт баройи шоҳи мақдунӣ ва чандон синайи раҳм намакида. Афсўсаш аз он буд, ки қасд ситонида натавонист. Овозайи он ки Искандар писари Дориюш аст, на пури Файлақус низ ба гўши ў расида буд, мехост қасд биситонад, амалӣ нагардид.
Искандар ғел мегашт рўйи рахти шоҳӣ, мижгон ба ҳам намечаспид. Бархоста рўйи зарри парешон гом мезад, гумон надошт, ки ношукрӣ мекунад. Ва намехост бо чунин рўҳу ваҷоҳат берун барояд ва ё касеро бипазирад. Паси дар зиёд истода буданд ба хидмат.
Пармониёни сипаҳсолор ва онҳое, ки аз тороҷи рустойи Йусус ва хаймаҳойи душман ва сарбозони зиндаву мурдайи порсӣ ғанимат оварда буданд, гирди сарой мегаштанд ва мегуфтанду мешуниданд, ки дўш чӣ шуда дар ин макон. Ва умед доштанд, шоҳи хушбазм пирўзӣ ҷашн гирад... Магар шоҳ худоёни хеш аз ёд дода буд, ки қурбонӣ накард, базмгоҳ насохт, касеро кору ташвиш нафармуд ва напурсид, ки мурдагонро зери хок карданд ё на.
Шоҳи маҳзун ба чӣ андеша рафт, ки дари сандуқ боз кард, ҷомаву тоҷи шоҳӣ ва камарбанди заррин рўйи рахт андохт ва зону зада дона-донаву каф-каф зарру зевар бардошта ба сандуқ андохт ва пеши назараш омад, ки чаро шоҳдухтар ин қадар зарро аз сари ў рехт. «Мехоҳам то гулўят ба зар гирам» гуфта буд Гулгун, вале бо ханда гуфта буд ва шоҳ ба кинояйи ў чандон сарфаҳм нарафт.
Искандар набояд чунин корро мекард. Ў шоҳ, хидматгарони зиёд дорад, вале ба чӣ хаёле рафта, ба заррчинӣ машғул гашт. Аз рўйи он ки дарёз зар чиду ба сандуқ андохт, дарёфт, ки хазина бобаракат аст, аз ин рў ягон-ягон танга ё дурдонае, ки парида ба роғҳо, зери рахту сандуқ ҷо шуда бошанд, ҷустуҷў накард. Бархост, як бори дигар ганҷи бодовард ва ганҷинаро аз назар гузаронд ва қомат рост кард. Худ аз худ чашмонаш танг шуданд: «Лашкар бояд кашид ё шаҳр бояд сохт?» Ба қароре омад, ки чанд муддат ин ҷо бошад, то анҷоми қисмати Гулгунро дарёбад.
Вале чунин нашуд: аз шоҳдухтар Гулгун дараке наёфт, фаромўш кард. Дар андешайи дигар зад: бунёди Искандария. Дар он ҷое ки пирўзӣ ёфт ва бо Гулгун ҳамдидор шуд – дар ҳамворийи ҳарамсаройи шоҳ Доро шаҳр бунёд карданӣ шуд. Сарони ҳарб, бузургон ва ҳунармандонро фаро хонд, машварат орост. Устоҳойи таҳҷойӣ ва гулдастони юнониро маслиҳат дод, то усули меъморийи Шарқу Ғарбро омехта, шаҳр бисозанд.
Мақдуниён, ки ба шаҳрак сохтан таҷриба доштанд ва Искандар медонист, ки чунин шаҳракҳо сахтбунёд нестанд, вале вақтро мегиранд, сипаҳсолор Пармониёнро хонд ва машварат кард:
— Сипаҳсолор бояд андешаҳойи хешро арз бикунад.
— Чӣ андеша шоҳи ҷавонбахт?
— Шаҳрсозийи мо дер давом кунад, дар ин муддат пушти ҷанг сард гардад, чӣ бояд бикунем?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор