Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун бону медонист хуш ояд ин корҳо ба Искандар, ҷомайи шоҳӣ як бор афшонд ва андохт бар дўши шоҳ. Искандар нахуст дасти чап пўшиданӣ буд, бону боздошт:
— На, шоҳзода, шумо ҷомайи порсӣ мепўшед, дар ойини мо ҳама чиз аз рост сар мешавад; аз дасти рост, аз пойи рост, аз пиндори рост, гуфтори рост, рафтори рост... баройи ҳамин аввал остини ростро бипўшед.
— Ин ойин чӣ ойин аст, бону?
— Ойини зардуштӣ, шоҳзода.
— Аҳура Маздо?
— Бале!
Ва остини рост пўшид Искандар... Ҷома гўё бар қади ў дўхта буданд. Пас камарбанди заррин бубаст ва Гулгун бар сари ў тоҷи мукаллал ниҳод. Искандар шоҳи ҳақиқийи Порс шуд. Ойина баровард аз сандуқ, шоҳро ба худ намуд. Искандар нашинохт хешро ва гумон кард, ки ҳама зарру зевари порсӣ ба худ бардошта. Ифтихор дошт, болида буд. Гумон кард, мувофиқ шуд бо шоҳдухтари шарқӣ.
Хост ўро ба оғўш кашад. Вале Гулгун хам хўрд бар сандуқ. Муштмушт зар бардошт ва бар қади шоҳи навҷулус афшонд. Искандар зарафшонийи бонуро чашм надошт ва гумон карда буд, ки дар сандуқ танҳо сарулибоси шоҳист. Искандар дасти ў боздоштанӣ шуд, то ин кор накунад. Вале Гулгун зар мепошид ба сари шоҳи ҷавонбахт. Рўйи қолийи эронӣ пўшида шуд аз зару зевар ва пойи шоҳ гўр. Искандар намеёрист биҷунбад, то зери пояш намонад зару зевар. Вале шавқи шоҳдухтар боло гирифт ва шоҳи хуррам ҷаҳиду Гулгунро бардошт рўйи даст ва бурд бар рахт. Гулгун омода набуд ба чунин ҳамлайи хуб ва ногаҳон садо баровард.
— Хуб нест, шоҳзода!
Мўйи парешони Гулгун рўпўши рахти хоб гашт. Нозанин буд ба чашми Искандар. Даст ёзид шоҳи ҷавон, то ҷавсакҳойи қабойи бону бикшояд. Бону дасти ў боздошт:
— Гуфтам, ки дар расму русуми мо ҳама чиз аз рўйи ойини зардуштӣ бояд.
— Чун бувад?
— Бо ризоият ва ҳалолӣ.
— Шасти ман магардон, бону.
— На. Фардо ҷашн бояд орост... Маросими тоҷгузорӣ бояд кард. Маросими тоҷгузорӣ баройи шоҳони Порс беҳтарин лаҳзайи умр аст.
— Бале, хондаам аз «Курушнома».
— Пас ҳоҷати ба шоҳзода шарҳу эзоҳ гуфтан нест. Риоя бояд кард ойини порсиро.
Вале гурги гурусна ба садойи лобаву зорийи гўспанд ва ё дарди ҷони он коре надорад. Ў мехост чунин лаҳза дар ёдаш монад. Бо либоси шоҳийи порсӣ дарафтидан ба шоҳдухтари порсӣ хубтарин лаҳзайи ҳаёти ў бояд бошад.

пешина
аз 390
навбатӣ