Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бархост. Назди бону рафт, то бо панҷа мўйи сиёҳи парешони ўро шона занад. Вале бархост аз рўйи рахти ноз ва хоҳиш кард маданги сандуқ боз кунад.
— Туйи сандуқ ягон чизи мароқангез ҳаст? Мору каждум надорад?
— Огоҳ нестам аз инаш. Лекин ҷое ки ганҷ ҳаст, мор низ бояд бошад.
— Ман аз мор тарс дорам, бону.
Гулгун табассум кард, аз рахт фаромад. Ишва кард чу тойи маст, то мўйи парешони дарозу сиёҳаш пушт равад; дароз, ки буд, нарафт. Ба панҷа паси гўш бурд аз тарафи рост ва сарпўши сандуқ аз ду бар дошта, бардошт. Кушода нашуд. Пас бо ноз рў овард ба Искандар:
— Калидаш ку?
— Бону гумон доранд ҳама калидҳойи ганҷинаҳо дар дасти ман аст?
— Оре, шоҳзода... Шоҳе ки ҷаҳонгирӣ мехоҳад, ҳама калидҳойи ганҷинаву хазинаҳойи дунё бояд дар дасти ў бошад.
— Бале, бону, бояд бошад, вале ҳоло нест.
Шоҳдухтар дигар ҳарфе нагуфт ва даст бурд ба чоки гиребон ва аз чоки синааш дебопечи хурдеро баровард ва ёзид ба Искандар.
Маликуррум ҳайрон монд ва дергоҳ нагирифт он чизро.
— Кушойиши ганҷинаву хазинаҳо, – фармуд Гулгун. Искандар ҳайронтар шуд. Пурсид:
— Рост бигў, чӣ инсоне ҳастӣ, бону?
— Некро – нек, бадро – бад.
— Вале ман гумон дорам, ки аз дасти бону бадӣ наояд.
— На, ояд, – даст бурд пеш, то гирад печидаро Искандар.
Шоҳи мақдунӣ печидаро гирифту боз кард. Аз миёни дебойи чинӣ калиди заррин баромад. Искандар ба калид нигаристу ба бону ва бўсид калидро. Ба чоки гиребони Гулгун ҷо карду гирифт калидро ва боз бўсид. Шоҳдухтар дарёфт бозиҳойи ўро ва андаке табассум кард:
— Шод ҳастӣ, шоҳзода?
— Шодам, на баройи калид, баройи он ки туро пайдо кардам.
Зани хуҷистахислат ҳастӣ. Ба гумони ман тамоми шоҳони олам орзу доранд, то чунин зан насибашон гардад. Калиди бахтро ба ман бахшидӣ, бону.
— Насиб кунад...
Искандар як лаҳза тасаввур кард, ки олам ҳамин саройи танг аст. Ҳама чиз ин ҷост ва санами зебойи дунё низ ин ҷост. Ва якбора андешае ба сар омад ва қиёфааш дигар шуд: «Чаро калиди ин сандуқ дар дасти бону? Чаро заррин? Ва ў аз куҷо медонад, ки калиди заррини миёни чоки синаҳояш дар чунин лаҳза ба кор ояд...»

пешина
аз 390
навбатӣ