Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале гуфта натавонист. Балки ёд овард, ки пеш аз ҳама ба дили ин ҷинси латиф раҳм бояд андохт ва баъд некӣ кард. Он гоҳ зани бофаросат медонад чӣ бикунад:
— Аз чӣ рў мўя доштед? – гўё ақлу ҳушашро бурда буд зан ва ў натавонист дигар чиз бипурсад ё бигўяд.
— Ба ёди падар шоҳ Доро.
— Шоҳ Доро, ки намурда, танҳо ҳазимат карда.
— Чун намурда? Гуфтанд, ки мурда ва мақдуниён ҳама чиз ба яғмо бурда.
— Кӣ гуфт инро?
— Юнониён миёни худ мегуфтанд ва мешунидам.
— Дурўғ гуфтаанд... Мақдуниён қасди куштани Дороро надоранд. Онҳо мехоҳанд Оби Ҳаётро пайдо кунанд, то одамиро аз мурдан наҷот бахшанд.
Шоҳдухтар гаранг шуд, ҳайратзада ба Искандар нигарист ва нигоҳаш беҳаракат буд; наметавонист чизе бигўяд: «Наход шоҳи мақдунӣ то ин дараҷа лода бошад?»
— Чӣ гуна Оби Ҳаёт, Маликуррум?
— Оби Ҳаёт магар дар мулки шумо маълум нест?
— На.
— Пас шумо порсҳо аз бисёр чиз бехабаред. Оби Ҳаёт дар ҷоест, ки Хуршед тулўъ мекунад. Ва кас онро пайдо кунад ва хўрад, намирад.
— Пас Маликуррум аз пайи дарёфти он Об аст?
— Бале.
— Пас ҷанг чӣ зарурат дорад?
— Хуш фармудед, бону. Ҷанг зарурате надорад. Ман низ бар он ҳастам, зуд бирасам ба Оби Ҳаёт, одамиро бемаргӣ бахшам...
Лекин шоҳони порсӣ садди роҳ мегарданд ва пархош мекунанд, маро ба ғазаб меоранд. Зарурат пеш меояд, ки роҳро тоза бикунам.
Гулгун сар андохт ба андеша: «Ё маккор аст ё нодон...»
— Шумо ба порсӣ балад нестед, шоҳзода?
— На, зарурате набуд...
Аз шоҳзода ном бурдани Гулгун ранҷид Искандар ва посухи ҷавонмардона надод, балки дағал буд. Ва Гулгун, ки қасдан ин суол карда ранҷиши Искандарро дарёфт, баройи собит гардондани тахмини хеш боз гуфт:
— На, зарурате ҳаст, шоҳзода... Шумо, ки майли Порс кардаед, бояд забони порсӣ меомўхтед. Шоҳони Порс, ки ба Рум азм карда буданд, забони юнониро балад буданд.
Искандар мушавваш гашт ва надонист бо ў чӣ кунад. Хун ба сараш зад ва дағалӣ карданӣ буд. Зеро духтари душман пешаш буд, ки андаке бар шонааш теғ зада, ўро дар азоб монда, фирор кард.

пешина
аз 390
навбатӣ