Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Хотири маро парешон кардӣ. Чӣ лозим ин савдо туро? – боз норозигиашро изҳор кард бародар.
— Ба ман чизе лозим нест, Александр. Баройи ту хубӣ карданиам.
— Ҳм... – нобоварона садо баровард Александр, пас фармуд:
– Ту чӣ мегўйӣ, Павсаний?
— Ман дар ду дунё ҳарфи Олимпиадаро ду намекардам.
— Бигзор чунин бошад. – Гўё андешайи дўшинаро амалӣ кард.
Александр нависандаро пеш хонд ва дар ҳузури эшон фармуд:
«Бинавис!... Ба номи шоҳи Мақдуниё Файлақуси II. Бинавис!
Шоҳи Эпир Александр баройи беҳурматийи шоҳ Файлақус нисбати хоҳараш Олимпиада ва хоҳарзодааш Искандар бо шоҳи Мақдуниё ҷанг эълон мекунад!...»
Шоҳ Александр фиристода пеш хонд ва нома ба дасти ў дод ва фармуд, то ба шоҳи Мақдуниё бубарад...
БаНди САВВУМ
Шоҳи Мақдуниё Файлақуси II дар оғўши зани шонздаҳсола Клеопатр об мешуд. Ва субҳ номайи пархошҷўёнайи шоҳи Эпирро гирифта, дар шигифт монд. Дергоҳ сар шикаста, ба зудӣ посух надод фиристодаро, балки чора ҷуст. Се рўз фиристода бозмонд андар боргоҳи ў ва шоҳ андешид аз тақдири писараш Искандар ва бузургзанаш Олимпиада ва шоҳи Эпир Александр. Шоҳи Мақдунӣ сарони кишвар, аз ҷумла Аттал ва падарзани ў Пармониёни корзордидаро пеш хонд ва ба фиристода фармуд:
— Ба шоҳи Эпир Александр бирасон, ки духтарам Клеопатрро бахшидамаш...
Фиристода бирафт бо посухи хуб, вале Файлақус парешон буд.
Ў намехост, ки писараш бо Атталу Пармониёни донойи размозмуда забон як кунад ва муқобили падар ба набард ояд. Баъди мулоҳизайи зиёд шоҳ фармон баровард, то Атталу Пармониёни солори сипоҳ ба Анатолия раванд ва аз Искандар хоҳиш кард ба Мақдуниё баргардад. Искандар пайғом фиристод падарро, ки нахоҳад баргашт, балки ба Осиёи Хурд хоҳад рафт ва ба духтари шоҳи Кария Пиксодор хонадор хоҳад шуд. Ғазаб кард падар ва ҳама гуна худсариҳойи Искандарро маҳкум сохт. Чун писар саркашӣ кард, шоҳ дўстони мақдунийи ў Биталомус ва Гарпал, ёрони ҷавониаш Неарху Лаомефну Эгийро аз кишвар биронд... Вале низоъи байни падару писар басанда нагашт. Искандар омодагӣ дошт ба новарди зидди падар.
Чун Файлақус ҳамайи ин «бозӣ»-ҳоро хуб медонист, аз иттифоқи шоҳи Эпиру Олимпиадаву писараш Искандар метарсид. Аз ин рў аз ёрони наздики хеш Демаратро фиристод назди Искандари қайсар, то ба ҳам бисозанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё