Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

қабила ва маҳал-маҳал саф оростанд. Аз паси онҳо эллиниҳойи кироя ва кардакиҳо қатор шуданд. Танҳо пиёдагонро ҷой гиронд Доро. Зеро дар ин мавқеъ баройи ҷавлон задани саворон имкон набуд. Саворонро баргардонд аз лаби рўд ва дар маймана ҷой дод – муқобили майсарайи душман, зеро ин ҷо баройи ҳамлаву ҳуҷуми фавҷи савор бобтар буд. Ва саворони порсӣ аз майсара аз сабаби номувофиқ будани майдони набард бозгаштанд.
Аллакай дарёфтан душвор набуд, ки баройи сипоҳи Доро майдон танг аст ва ноҷўрие ба миён омада. Дар чунин ҳол сипоҳи зиёд ба кор наояд, балки халалгор шавад якдигарро. Вале шоҳи кабир ғарра ба шумор аст, на ба ҳолату ҳунар. Аз ин рў сӣ ҳазор саворон ва бист ҳазор пиёдагони мусаллаҳро Доройи III аз рўди Пинар гузаронд, то баройи сарбозони пиёда майдон кушод бошад.
Чунин нобасомониро Искандар аз дур мушоҳида мекард ва фурсат ғанимат донист баройи лашкар кашидан.
Шоҳи кабир миғфар фиканда зи сар ва хўди ҷангӣ ниҳода ва ҷомайи фохира ба ҷавшану хафтон бадал карда, шамшербадаст бе карру фар савори гардунайи ҷангӣ дар иҳотайи ҷондорон, наздикон ва асилзодагон буда бошад. Ва чун одати шоҳони Порс андар қалби сипоҳ. Орому ботамкин ва бодиқкат сафу сипоҳро аз назар гузаронд. Чунон дид, ки мехост. Ва таъкид кард, то аз ҳамлайи ногаҳонийи лашкари Рум ғофил мабошанд. Дар ҷое ки гардунайи шоҳӣ буд, дирафши бунафши Ардашерон гардид парафшон. Ва карраной баландтар аз сари саворон менамуд, вале ҳоло садо надошт. Ба каси беруна чунин метобид, ки лашкари Порс ва ҷойгиршавиаш баҳру гирдобро монад ва фавҷи шоҳӣ андар даҳанайи гирдоб қарор гирифта. Вале ин чизро шоҳ Доро дарк намекунад.
Гумонаш, ҷангро ба шумор бубарад. Масоф пур аз сипоҳ аст, аз кўҳ то баҳр. Он қадар зиёд, ки зиреҳу ҷавшану хафтон нарасида ва ҳатто сипар. Ва боз Доро гумон мекунад сарбозони аз тарафи рост ба ҳалқайи паси лашкари душман гузаштаро Искандар хабар надорад. Ҳол он ки маликуррум нодида гирад ва донад, ки ҷойи сусти сипоҳи Доро майсара аст, бар муқобили майманайи пурқудрати сипоҳи ў.
— Аз ту умеди зиёд дорам, Набарзан, – сари саворони порсӣ ва сипаҳсолор ҳарфи шоҳро чун васият пазируфт ва дарозо ба рўйи Доро нигарон монд. – Ё имрўз ё ҳеҷ гоҳ!
Набарзан сухан нагуфт, балки сар афшонд, ки мурод ин аст.
Ба назар Хуршед ниҳоят суст баланд мешуд, ба сарбозон низ рўз тўлонӣ метофт. Қиёми рўз Искандар фармуд сафи ҳаштраддааш пеш равад. Ба масофи танг сипоҳи таълимдидайи румӣ батамкин пеш рафт. Сарбозони дуздона аз боли чап ба боли рости ў гузаштайи душманро ногумон танг кард ва инонашон бозгардонд, вале ба пархош рухсат нашуда буд. Сўйи Пинар мерафт лашкари Искандар, бисёр ботартиб ва баназм. Дирафши зарди мақдуниро боди баҳр сўйи кўҳ гардонда буд ва чун моҳӣ андар об думак мезад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор