Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Касе надонад. Инсон ҳама умр сўйи Хуршед равад, вале пиндорад, ки Хуршед сўйи ў ояд. Аз рўйи китоби «Авесто» Зардушт ин чизро дарёфта буд.
— Дар куҷост он «Авесто»?
— Дар Персополис. Бар дувоздаҳ ҳазор пўсти гов набишта ин китоб.
— Ҳазён магў.
— Ҳазён набошад, маликуррум... Беҳтар аз ин китоб башарият навиштаҷоте надида. Аз рўйи ин китоб оташпарастон ба худойи ягона саҷда оранд.
— Пас ту огоҳ ҳастӣ аз сару сомони порсҳо?
— Бале.
— Пас Мемнони сипаҳсолор дар куҷост?
— Мемнон андар Митиленайи ҷазирайи Лесбос. Чунон ки равшан аст, мехоҳад бори дигар Юнону Мақдуниёро забт кунад.
Дар баҳри Эгей ҳукмрон бошад.
— Ман нақшаҳойи ин юнонийи маккорро фаҳмам... Искандарро ў аз роҳаш баргардонда натавонад.
— Агар шоҳ зарур донанд, ман бар асари ў равам.
— Чаро?
— То ба Юнону Мақдуниё нарасад.
Искандар хандид:
— Ва тавонӣ инро?
— Оре, тавонам.
— Пас аз ман чӣ хидмат?
— Иҷозат.
Искандар сари ангушт ба дандон гирифт: «Иҷозат... Ҳоло ки масъалайи Линкестид ҳал нашуда...»
— Хуб, иҷозат...

БаНди ШАШУМ

Ҳавойи асб Искандарро хуш меомад, бавижа ҳавойи гашти Бусефал. Бусефали рамузфаҳм дар кадом маврид чӣ гуна нағмаву усул карданро медонист, аз ин рў хубтар писанд буд шоҳро. Искандар хоби нимкораашро низ сари зин мегирифт ва чун Бусефал медонист, ки соҳиб хуфта, гом бардоштану гом гузоштанаш махсус буд. Вале алъон ба андеша рафта шоҳ ва фараси ў пиндошта, ки шоҳ хуфта. Ў дар андешайи гиреҳи рамзийи шаҳри Гордий буда бошад. Аммо омадану рафтани Сосон парешон мекунад фикри ўро: «Чаро Доро? Чаро Пармониён? Чаро Линкестидӣ? Чаро Сосон?» ва дарнаёбад ва нарасад ба мағоки андеша. «Линкестидӣ наздик аст ба тахту тоҷ, Пармониён талабгор аст ба тахту тоҷ...
Ин ҳама бозист ва сохта... вагарна то Мақдуниё нарафта будӣ ва чунин ҳарф ба гўши модар нарасида будӣ... Наход Пармониён сохта будӣ ин бозиро?

пешина
аз 390
навбатӣ