Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Номи устоди маро доштайӣ... Ва ин ҳамаро аз куҷо донӣ?
— Шуғли ман чунин аст – донистан... Юнониён хабар бурданд ин ҳамаро. Ман ки ҳамнишини Доростам, шунидам. Чунон ки медонам, Искандари Мақдунӣ бояд ҷаҳонгир шавад. Ба найранг куштани ўро худовандон намебахшанд: омадам дарак диҳам ба шумо.
— Ту гўйӣ, ки юнониён хабар бурданд. Ман донам, ки худи Линкестид назди Доро рафта. Рост аст?
— Шунидаам, надидаам... Ва боз шунидаам, ки Доройи III баройи корнамойиҳояш ба Линкестид зарри форсӣ ва тахту тоҷи Мақдуниёро ваъда карда.
Искандар хандид ва дарёфт, ки саропардайи шоҳӣ хандайи ўро пинҳон дошта натавонад, қиёфа дигар кард. Бо ғазаб нигарист сўйи Сосон:
— Донӣ, ки подоши дурўғ чист?
— Бале, шоҳи ҷаҳонгир! Сари ману шамшери шумо.
Дари пардасаро боло шуд. Искандар пиндошт хандайи баландаш сабаби бардошта шудани пардадар гашт. Касе иҷозат пурсид.
Ва шоҳи ҷавонбахт дарёфт, ки кори муҳиме ҳаст, хашм нагирифт.
Касе иҷозат пурсид ва номаеро ба Искандар дарёзид. Искандар хати Олимпиадаро шинохт ва фарёд зад сўйи Сосони асир:
— Кӣ фиристод туро?!
Чунон баланд буд садойи Искандар, ки Сосони ҳушу ёд ба мактуб дода як қад парид ва ба назар қадаме пас рафт. Садойи Искандар боло шуд:
— Доро! Пармониён ё худи Линкестид!!!
Шах шуд Сосон. Аз бемадорӣ ё аз беҳушӣ ва ё аз эътиқод буд, ки зону зад назди шоҳ Искандар.
Чун Искандар нома мехонд, эътибор надод ба Сосон, балки бурун рафт аз саропарда, то дар равшанӣ дурусттар хонад номаро:
«Писари фарзонайи ман, Александр! Шояд дарк карда бошӣ, ки чаро ҷангҷўйийи туро нахоста будам. Оқибати ҳама гуна ҷанг бадбахтист. Вале ғарази ман дигар. Ягон шоҳ мисли ту душмани зиёд надорад. Юнониён, порсҳо, мақдуниён низ душмани ашаддийи ту ҳастанд. Аз ҳамайи онон худро гурезонда натавонӣ. Овозайи то Пелла расида маро парешон кард. Александри Линкестидӣ қасди ҷони ту карда бо Дориюш забон ёфтааст. Ин ҳол маро парешон мекунад... Александри Линкестидӣ ҳоло ҳам бар он аст, ки шоҳзода Аминта аст, на ту. Аз ин рў сахт ба ту гарон меафтад подшоҳӣ.
Аминам, ки аз ўҳдайи шоҳӣ баройӣ... тарсам, ки ғофил намонӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор