Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Асби Аристандри пешгў низ аз зери ронаш рафта буд ва худи ў сари санг аз сармо ё аз тарси ҷон меларзид. Гетерҳойи нозанин, ки баробари дамидани баҳр худро сари сангҳо гирифта буданд, чу фохтаҷўҷаҳо меларзиданд. Тойиси соҳибҷамолро Биталомуси мисрӣ дар оғўши хеш гарм мекард.
Ҳанўз об мешорид аз баргустувони асби шоҳ ва аз либоси ў.
Сахт нигарист Искандар ба раммол. Аристандри пешгў дарёфт маънийи нигоҳи ўро ва бархост сар-сари сангҳо ларзону тарсон пеш омад ва табассум кард. Дандон ба дандон зад ва дид, ки дар рўйи лашкаркаши нотарс хун намонда, вале ғазаб мекунад.
Аристандр медонист, ки ғазаби тарси ҷон бад аст, манаҳларзон гуфт:
— Ғазаб фурў нишон, Искандар... худоён дўст надоранд ғазабро…
— Вале дўст доранд дурўғро!!!
— Ман, ки дурўғ нагуфтаам! Ҳамаро рост гуфтам. Агар ҳарфони ман дурўғанд, пас набояд маро бикушӣ! Лекин яқин донам, ки чун ба кишвари саодат бирасӣ, маро бикушӣ!
Искандар таҳаммул кард ва гўё ғози мизон часпид, ки бо каф рўяшро рўфт ва ҳама чизро паси сар кард.
— Об – рўшнойӣ! – киноя зад шоҳ.
— Бале, шоҳи ҷавонбахт! Об – рўшнойӣ!
Абрҳо пароканда шуданд. Хуршед рух намуд. Шоҳ Искандар аз асп зер шуд. Сахт ба андеша рафт, ки баройи мурдан набард кардан зарурате надорад. Офаридгор ва табиат ҳар ранг хоҳад, он гуна ҷон ситонад. Ёрон ўро чунин ғамӣ надида буданд ҳеҷ гоҳ.
Ў намедонист ба мурдаҳойи афкандайи баҳр нигарад ва ё ба сарбозону гетерҳойи сари сангҳо аз сармо ларзон ва ё ба ҳайкалҳойи зиндайи сари сангҳо, ки ҳеҷ ҳайкалтарош ё мусаввир чунин манзараро офарида натавонад. Дар он замон танҳо навори аксбардор намерасид... Искандар рў ба баҳр овард. Ҳанўз ҳам баҳри Миёназамин ба қолаби хеш фурў нанишаста буд. Оҳиста-оҳиста паст мешуд, дур мерафт. Шоҳи ҷавон ҳайрон буд, ки мурдаҳоро боз ба об андозад, зери хок кунад, бисўзад ва ё сари сангҳо гузорад, ки зоғу заған бихўрад?
— Кӣ тавонад ин мурдаҳоро ба Юнону Мақдуниё бирасонад?
Посух нашунид. Тасмим гирифт ё бигўронад ё бисўзонад.
Сосони асирро оварданд назди Искандар. Ҳалқа андохта буданд ба дастонаш. Равшан буд, ки ҳукми қатл на, бозпурс аст.
Фиристода фармуд, ки ба хости Пармониёни сипаҳсолор оварда асирро. Искандар асир ва фиристодаро пазируфт андар саропардайи хеш. Фиристода фармуд:

пешина
аз 390
навбатӣ