Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

илтифот, саховат ва ҷавонмардийи ў ба ваҷд омада, ангезаҳойи хешро фурў дошта натавонист:
— Ту беназирӣ, ту мағлубнопазирӣ!!!
Гоҳи сархушӣ писанд омад ин ҳарф Искандарро ва пайдовасийи зарр сўйи Аристандри раммол андохт. Аристандр, ки чашмдор набуд ва ҷўш дошт, ҳамёнро дошта натавонист. Зарр ба замин зад. Искандар нигарон буд, ки раммол дуто гашта ҳамён аз замин мебардорад. Аммо Аристандр болойи онро ҳаллос зад, оғўш кушода омад, то бо шоҳ ҳамоғўш шавад. Искандар ду кафи даст ба сарсинайи раммол гузошт, то ҷафс нагардад. Аристандр табдил ба эҳсос гашта, Искандарро хубтарин ва наздиктарин инсон дониста мехост ўро ба оғўш кашад ва бибўсад. Ў дарку эҳсос намекард, боздоштан, тела додан ва дур андохтани шоҳро. Ба назараш мояйи ифтихор буд ба ў расидан. Вале чун мурод ҳосил нагашт ва дарёфт, ки шоҳ ўро аз худ дур андохтан мехоҳад, бозистод, карахт шуд, пас-пас рафт ва ларзид:
— Ман аз теғи ту мемирам, Искандар!
Пешгўйийи Аристандри зирак миёни лашкар, мардум ва рустову шаҳру кишварҳо паҳн гашт ва овоза шуд, ки Искандари Мақдунӣ лашкаркаши мағлубнопазир аст. Назари худовандон бар ўст. Тир кора надорад танашро, шамшер набуррад сарашро. Ва гуфтаҳову овозаҳо барангехт лашкаркаши бистусесоларо, ки дар чунин синну сол касе аз шоҳони ҷангҷў инчунин шўҳрат наёфта.
Искандар ҳатто аз падар гузаронд дар пархошу лашкаркашӣ ва кинаву адоват. Ба ваҷд омад шоҳи ҷангҷў ва кишварситон. Лашкар омода сохт ба сафар ва қофила бурд бо пайроҳаҳойи танги соҳил.
Бероҳаҳойи кўҳӣ ва махуфи миёни Фаселида ва Помфилия саргиру пошикан буд. Пайроҳайи тари соҳил хуш омада шоҳи тангармро ва ў наздиктар ба баҳри Миёназамин мерафт. Шояд рафторҳойи сархушонайи Искандар ва сипоҳи ў хуш наомад худоёни Шарқиро, ки мадд кард баҳр, тўфон бархост. Мадд дошт баҳри дамон, бар пою тани тавонойи Искандар бармехўрд ва аспашро мебурду меовард ба мадду ҷазр. Бусефал мастона мекалавид. Ва ў медид, ки баҳри дамон ҳангоми ҷазр чӣ гуна асбони нимҷонро фурў мекашад... Ғазаб кард ба Аристандри пешгў, ки дурўғ гуфта: «Об
– рўшнойӣ». Вале натавонист, ки таъбири хоби хеш дуруст гўяд.
Мавҷҳойи миёни баҳр кўҳу кўҳа гашта, пайваста пеш меомаданд ва бармехўрданд ба харсангҳойи соҳил. Баҳри хунталаб чун шири дамида боло мешуд ва соҳилу кўҳро фарогир буд. Шоҳи хашмӣ андар миёни тўфони ғазаб Аристандри Талмосиро меҷўст:
«Дурўғ гуфт нобакор...»
Сипоҳ ба кўҳ часпид. Сайҳа кашиданд асбон. Аристандри ба об афтида илоҷе карда, ба сангу харсанг часпида боло баромад ва шоҳро пайдо кард. Ў хандон буд, масрур буд, ки пешгўйиаш рост баромад. Чун аз ғазаби шоҳ огоҳ набуд, механдид, хушнудӣ дошт, ки шоҳ шодмонӣ мекунад, ки асбаш рафта, дўсти пешгўяш зинда монда...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор