Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Натавонист дар чунин ҳолат бипурсад. Наметавонист ҳам. Ваҷоҳат ва сиёсати шоҳ Искандар имкон намедод. Искандар дар сол хурд, аммо дар қиёфа, ваҷоҳат, сухан, муҳокима, мантиқи сухан, ақлу фаросат ва сипоҳигариву муғамбирӣ бузургсол метофт. Гўйӣ аз тамоми сипаҳсолорон ва дабирон ва ашрофзодаҳо пуркардатар аст ва пурдида.
— Пирўзиро ҳамроҳи шоир Теодект ҷашн бояд гирифт!
Шоҳи шабрав, ки ба рўз хуфтану шаб рафтан одат карда буд, шабҳангом бо гулу гулчанбарҳойи зиёд равон шуд ба маркази шаҳр, ки ҳайкали мармарини шоир Теодект қад афрохта буд.
Гулафшонӣ карданд муҷассамайи ўро. Гулчанбар бар гарданаш овехтанд, гулдастаҳо пеши пояш ниҳоданд ва Искандар аз сари ў шароби арғувонӣ рехт: «Шоир бояд шароб хўрад!» Пасон майгусорӣ шуд. Хўрданду гуфтанду сурўданду рақсиданд. Пирўзийи тўлонийи сипоҳи Искандар ҷашн гирифта шуд. Эхдову инъоме, ки шоҳ сипаҳбадонро ва сипоҳиёну ялони хушҷанг, тановар ва ҷонфидоро бояд бидиҳад, ба пояйи ҳайкали шоир рехт ва каф кўбид.
Дигарон низ каф заданд ва садоҳойи «Зинда бод шоҳ! Поянда бод шоир!» боло шуданд.
Искандари сипоҳу доно дониста кард чунин, то меҳри мардум афзуда бошад ўро. Эътиқодашон зиёд гардад ва даҳон ба даҳон шоҳро шўҳратёр гардонанд.
Раммол Аристандри Талмосӣ, ки пирўзиҳойи Искандарро пешгўйӣ мекард, сархуш назди шоҳ омад ва фармуд:
— Зодгоҳи ман Талмос, аз ин ҷо дур нест... Бояд он ҷо биравем!
— Мехоҳӣ, ки ҳайкали туро низ зиёрат бикунем Аристандр?
– хушгўйӣ кард Искандар ва ёрон баробар хандиданд.
Аристандр калавид, ангушт боло кард ва фармуд: – Тушш!
Ҷойи ханда нест. Дар ҷанги дуввум ҳайкали маро низ зиёрат хоҳанд кард... Ҳоло меравем ба шаҳри ман.
— Баройи ҷойи ҳайкалро муайян кардан, Аристандр, ё баройи бода рехтан? – боз хуш гуфт Искандар.
— Ҳар чӣ шоҳ фармоянд. Ман донам, ки аз ин ҷанг зинда барнагардам... ва бояд...
Искандарро сари забон буд, ки сари забони ўро гирифта боз ҳазл кунад, аммо худдорӣ кард. Андешайи «зинда барнагаштани раммол» ўро ба фикр водор сохт.
— Ин чӣ ҳарфе буд, ки гуфтӣ, Аристандр?
— Ман аз шоирон кам нестам. Онҳо мегўянд, ман пешгуйи мекунам...
— Ва баройи ҳамин ҳайкали ту бояд гузошта шавад?
— ... гузошта шавад! Баройи он ки ман зинда барнагардам!
— Мо ҳамроҳи туем, Аристандр, пас мо низ барнагардем?

пешина
аз 390
навбатӣ