Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Мемнон гўё ҳарфи ўро нашунид. Хомўш буд. Шаҳрдор идома дод: — Ман ки бо шумо будам... Ман ки бо шумо шаҳрро ҳимоя мекунам.
— На-а-а!!! Ҳарза магўй! Ту гумон ҳам надорӣ, то шаҳрро ҳимоя бикунӣ. Ту дар андешайи он ҳастӣ, ки чаро ғалат кардӣ, чаро Искандарро бо нону намак пешвоз нагирифтӣ, то баъд ҳам шаҳрдор бимонӣ!
Оронтобати шаҳрдор гўйӣ бар зин об шуд, ки сипаҳсолор андешайи ўро аз куҷо медонад. Ва баройи яқин донистан гуфт:
— Ин ҳарфҳо аз куҷо, сипаҳсолор? Ман, ки ба касе чизе нагуфтаам.
— Бале, ба касе чизе нафармудайӣ, аммо чунин пушаймонӣ доштӣ.
Оронтобат чӣ гуфтанро надонист ва ба найранг гузашт ва гурез кард аз доми афтидааш:
— Агар ман чунин ният дорам, пас ба шумо хиёнат мекунам, пас шоҳаншоҳро хиёнат мекунам... пас ҳамагон ба шоҳаншоҳ хиёнат мекунем...
— Шоҳаншоҳро чӣ нисбат? Мо ба худ хиёнат мекунем. Мо Аҳура Маздойи бузургро хиёнат мекунем... Ҳар кӣ мулки Порсро ҳифз карда натавонад, хиёнат аст ба ростӣ. Ростӣ ойини маздакист.
Роҳ ба худойи ягона аст.
— Сипаҳсолор, вақтест, ки мо дами дарвоза манша кунем?
Душман девор шикаста...
— Оре, вақти манша нест! Сараш гиред!
Ва Оронтобат шамшер биохт. Сипаҳсолор дарёфт, ки фолаш дуруст баромад. Хандид.
— Нагуфтам, ки хиёнат аз ту хеста. Собит кардӣ, ки кори туст. Шаҳрдор дарвозаҳойи шаҳрро кушода. Душманро ба шаҳр роҳ дода.
— На! Ин кори сипаҳсолор аст, ки шаҳру дижро ҳимоя карда наметавонад! – чун роҳи гурез намонда, фошофош гуфт Оронтобат.
Сипаҳсолор боз хандид:
— Лекин маро чун Эфиалт кушта натавонӣ. Ман ягонамарди ба мулки Порс содиқ ҳастам.
Оронтобат баланд хандид, аз хандайи Мемнон ҳам баландтар:
— Эй сипаҳсолор, куҷо дидайӣ, ки марди бегона ё юнонӣ мулки Порсро ҳимоя бикунад. Ту писари Ортабози Порс найӣ, ту домоди Ортабози Порс. Пас чӣ гуна метавонад мулки Порс аз дасти ту барин зархаридон дифоъ гардад?
Сахт расид ин ҳарф ба сипаҳсолори номӣ ва шамшер биандохт сўйи Оронтобат. Ў зарби шамшери Мемнонро ба шамшер гардонд. Ва шамшерҳо лағзида, мушт ба мушт шуданд, тела медоданд ҳамдигарро.

пешина
аз 390
навбатӣ