Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Бори дуввум аст, ки маликуррумро фиреб медиҳанд: дар шаҳри Милет буд ин ҳол, акнун дар шаҳри Минд. Ва Искандар ғамӣ гашт ва барошуфт. Зеро дар шаҳри Милет мошинҳойи деворшикан, болорҳойи садкўбу садафкан, манҷаниқу арродаҳойи сангандозро ҳамроҳ гирифта буданд ва ҳоло ба қавлу ваъдайи шаҳрдор бовар карда, танҳо бо теғу шамшеру сипар ҳозир гаштанд. Бо чунин силоҳу афзори ҷангӣ девори диж шикаста нагардад. Ҳарчанд сар кўфтанду сар шикастанд ва пайк фиристоданд назди шаҳрдор, суде набахшид.
Мемнон ба воситайи баҳр галикарнасиҳоро ба кўмаки миндиён фиристод. Чунон ки Искандари Мақдунӣ мехост. Искандари хушмағз медонист, ки порсиён шаҳри Миндро ба ҳоли худ намегузоранд, хоҳ-нохоҳ ёру ёвар мефиристанд ва ҳимояву мудофиайи пойтахти Кария шаҳри Галикарнас суст мегардад... Чунин шуд ҳам.
Искандар аз муҳосирайи шаҳри Минд даст кашид ва бо баҳру барр филфавр баргардонд фавҷҳорро ба шаҳри Галикарнас. Вале баройи ҳамлавар шудан ҷўй ва роҳҳо омода набуданд. Сипоҳи мақдунӣ ҳанўз ҳам ба сўхтану ғорат кардани маҳаллаҳойи атроф овора шуда, бо хок пур кардани ҷўйбору хандақҳоро мавқуф гузошта буданд. Шоҳ бори дигар ба хашм омад ва бифармуд роҳ кушоянд.
Ҳар кас илоҷе дошт ба ҷўйбору хандақҳо хок мекашонд: яке дар домон, дигаре дар кулоҳ ё хўд, саввумӣ дар замбару замбарғалтак.
Хок бар ҷуйбор мерехтанд ва наҳр фурў мебурд ва гилоб мерўйид.
Об меҷўшид, ҳубобчаҳо ва хасҳо рўйи об меомаданд. Бурриданд дарахтонрову пахш карданд андар об, хоку ҷўбу чахс мерехтанд, то марза ва пайроҳа гардад. Вале сангро ҷудо мекарданд баройи манҷаниқу аррода. Хоки рехта лой мегашту боло меомад. Хок мерехтанд бар болойи гил, то сахт шавад. Тўда шуд, теппа шуд, тал шуд. Пас ҳамвор карданд, болотар аз сатҳи об. Сум заданд, кўба заданд... пасон дастгоҳҳойи деворшикан, болорҳойи гарони садкўбу садафканро гузаронда бурданд, то буни деворҳо. Ҳама чизро ҷо ба ҷо карданд: манҷаниқҳоро мустаҳкам карданд ва арродаҳоро бар сари деворҳо устувор. Сахт ҳозирӣ диданд. Аммо андар шаҳру дохили диж оромӣ буд. Гўё парвое надоштанд галикарнасиҳо ё нигарони кадом саҳнайи тамошобоб буданд.
Валекин Искандару Пармониёни сипаҳсолор он қадар ташвишу ҳозирӣ доштанд, ки ҷанг ҳамин ҷанг аст ва баъди он ҳама чиз сомон мепазирад, дигар ҳоҷати набарду пархош нест.
Рўз рафту шаб омад. Шабехун задан ойини Искандари шабрав буд. Порсҳо ин хислати малики Румро медонистанд. Чун тамоми рўз румиён девор кўфта буданд, шабҳангом бояд фароғат мекарданд ва рўзи дигар садшиканиро идома медоданд. Аммо Искандар порсиёнро гўл зада, усули разми хешро истифода кард: сипоҳи мақдуниро ба дам гирифтан рухсат надода, шабехун зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор