Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Медонам, ки бо ҳарфи ман мувофиқ нестӣ, шоҳ. Бо вуҷуди он бояд огоҳ кунам... Ҷанги Милет ҷанги саҳл нест. Порсҳо сесад киштийи ҷангӣ доранд. Мо як саду шаст киштийи ҷангӣ дорем...
Сипаҳсолор таваққуф кард, ки шояд шоҳ чизе бигўяд. Искандар низ нигарон буд Пармониён суханашро идома диҳад. Ў гулў равшан кард, ва идома дод:
— Хавфи дигар ин аст, ки паланги захмӣ Мемнони Порс дар он шаҳр ҷой гирифта...
— Ва ту метарсӣ?
— На, шоҳ... Ман тарсу наям...
— Агар тарсу найӣ, чаро бори дуввум ҳарфи шоҳро ду мекунӣ?
— Ҳарфи шоҳ ду накардаам, воқеиятро гуфтам.
— Дар ҷанги назди рўди Граника низ зид будӣ.
— Дар он ҷанг худоён ёри ту шуданд, шоҳ...
— Дар ин ҷанг низ худоён ёри ман хоҳанд шуд!
— Бошад! – ду даст баланд карда гуфт Пармониён.
— Минбаъд шоҳ фармони ҷангро медиҳад, на сипаҳбадон!
— Қабул!
— Мувофиқ!
— Писанд!
Садоҳо баланд шуданд. Искандар суханашро идома дод:
— Равшан аст, ки Милет аз шаҳрҳойи дигари Кария фарқ дорад. Истеҳком ва гунҷгоҳаш низ дигар. Шаҳрест, ки аз ҳуҷуму ҳамлайи хориҷиён худро ҳимоя карда метавонад. Бо ду қабат девори баланди касногузар иҳота шуда...
Ва боз Искандари сипоҳ аз сухан бозмонд ва нигарон буд, то дигарон чӣ гўянд.
«— Хаайр?» – дар забони сипаҳсолор Пармониён бозӣ мекард ин суол, аммо гуфта наметавонист.
— Чӣ бояд кард?
— Ҷанг бояд кард!
Искандар хандид. Баланд хандид, ки лаҳзае пеш фикри дигар дошт сипаҳсолор ва ҳоло мегўяд: «ҷанг бояд кард!»
— Чӣ гуна ҷанг бояд кард, сипаҳсолор?
— Ҷанги рў ба рў, мардона ва нотарсона. Дар ҷангҳойи шадид қувва ва нерўйи одами нотарс даҳчанд мешавад. Боре деҳайи кўҳистони моро сел пахш кард. Одамон баройи дами обро гирифтан дарахтеро аз решааш канда оварда, обшикан карданд ва баъди офатро бартараф кардан кори кардаашонро дида ба воҳима афтоданд, ки чун кандаанд онро. Ҷанги Милет низ бояд чунон шавад. Бояд пеши селро бигирем...
Искандар қомат афрохта нигарист сўйи Пармониён ва табассум кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор