Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сирфак боз истод ва сар бардошта нигашт сўйи овоз, ҳама механдиданд, муайян накард соҳиби садоро.
1
— Саҳнайи девонаҳойи Эсхил! – боз садо омад.
Сирфак ин садоро нашунида ангошт. Бархост. Чун якамех миёни саҳн буд. Шамшерро бардошт. Нўки он зери пой гузошт.
Қад кард. Шикаст. Афканд. Сарсина бараҳна кард: «Бизан! Бикуш!!!»
Ва хандид Сирфак, баланд хандид аз ҳарфи хеш. Ва боз гуфт:
— Шумо ношудед! Қассобҳойи ношудед! Як гўспандро баройи қурбонӣ сар зада наметавонед, вале рама-рама одамонро нобуд карда метавонед! – Ва рақсид, ки бо чунин ҳарф ҳама қасд ситонда бошад. Чархид. Печид. Гарди заминро баровард ва боз гуфт:
– Шумо мурдаҳоро ҳимоя мекунед, афсўси маъюбу маслухҳоро мехўред, дилатон ба душманони ночиз месўзад, душманони тавоноро пўст меканед!...
— Ин ҳарфҳо низ аз намойишномаҳойи Эсхил аст!? – тоқат наовард Искандар.
Сирфак мерақсиду мечархид ва яке даҳонаш каф баровард.
Чашмонаш роғ рафтанд. Афтид дарозо. Чун тосадорон по мезад.
— Ту медонистӣ, ки ў саръӣ аст? – назди пирмард сар хам карда пурсид табиб.
— На. Ў саръӣ нест. Ба ҳолаш гузоред ҳамин зайл азоб кашида мемирад. Зиёдтар аз ман азоб мекашад.
Чунин ҳам буд: зайли гўспанди сарбуридайи маҳак назада по мезад.
Ва пирмардро бардоштанд, то бубарандаш.
— Хона куҷо дорӣ?
Пирмард сар ҷунбонд:
— Хона надорам. Хонаам зери пояйи ҳайкали шоҳ Файлақус аст. Шумо ҳайкалро бардоред. Ман бинам, пасон равед...
Чунон шуд. Гаҷ карданд гардани ҳайкалро. Ҳайкал қомат афрохт ва Искандар дуо гирифт аз пирмард, пасон пурсид.
— Нагузоштӣ душманатро кушем; кушадат.
— На. Намеёрад. Ў дигар бор нахоҳад хест...

БаНди САВВУМ

Искандар гўё аз ёд бурда, ки баройи чӣ ба Эфес омада буд.
Ба назар ин вилоят ҷозибае дошт, ки то ҳол ўро нигаҳ дошт. Ёд овард, ки аз пайи сайде омада буд ва дами дарвозайи ҳарами

  1. Эсхил – драмнависи юнонӣ, асри V то милод.
пешина
аз 390
навбатӣ