Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Як ҳарфро сад бор такрор мекунӣ пирмард... Ў қодир. нест.
Ҳар кӣ қудрат надорад, сараш бояд бигиранд.
Пирмард сар андохт. Искандар пай бурд, ки ў ғамӣ гашт, ба ҳайкали падар нигарист, ки чӣ андоза маҳзун метобад. Пиндошт, ки аз маҳзунийи пирмард аст симойи гирифтайи падар.
— Хўш, бошад! Канор биистед!
Боз ду тан рў ба рў монданд – пирмарду Сирфак. Чашм ба чашм буданд. Сирфак бо ғазаб менигарист ба ў ва Пирмард бо тамасхур. Ва гўшайи абрў кард Бижани Бобулӣ сўйи Сирфак, то зўрашро нишон бидиҳад. Сирфак дандон сойид ишораҳойи пирмардро пай бурда ва дар дил афсўс бихўрд, ки пеш аз афкандани пайкара қомати хурди ин пирмардро ба ду ним накарда чу хиёр.
— Агар зўр надорӣ, бигў! – қомат ба рўйи ҳайкал хамида гўё ба гўши Сирфак гуфт пирмард.
— Ман аз худованд як талаб дорам: маро озод гардонад ва туро дар танҳойи рў ба рўйи ман орад.
Пирмард худро пас кашид ва хандида баланд гуфт:
— Ин ба д-он монад, ки гови пир кунҷола хоб бинад.
Сирфак хиҷолат кашид, ки ҳарфашон гўшакӣ буд ва чаро пирмард бо садойи баланд гуфт. Дигар аз пирмард умеде нест. Хуб аст, агар ба шоҳ рў оварад. Сирфак аввал гўшайи чашм кард сўйи ў, пасон рў овард.
— Ай маликуррум! Ҳар чӣ гуноҳ кардам, кардам... ҳукми ту беҳтар аст аз тамасхури ин пирсаг!
Ҳанўз Искандар ба хулосае наомада пирмард боз таъзим овард ва фармуд:
— Шоҳзода, нагуфтам, ки ҳукми баровардаат мукофот аст баройи чунин рўбаҳон!? Акнун иҷоза бидеҳ, ман ҳайкалро барафрозам!
— Иҷозат!
Пирмард миёни сарбозону сипаҳбадони сипоҳи румиро чок карда сўйи ҳарам рафт ва асирони порсиро чанде талабид аз дасти афсарони румӣ ва овард ба пояйи ҳайкал. Чун ин баҳс саросари лашкарро ва бандиҳоро фаро гирифта буд, ҳоҷат ба шарҳ надошт.
Ба ишорайи пирмард асирони порсӣ даст ба кор шуданд ба умеде, ки баъди қомат афрохтани пайкара раҳо хоҳанд ёфт.
Сирфак чӣ карданро намедонист. Алам аз дандон мегирифт.
Ва зиёд мехост шамшере бошад дар дасташ, биҷаҳад рўйи пайкара ва қалам кунад пирмарди гандакорро, ки ҳама аз дасти ў шуда; ў хабар дода барафкандани пайкараро, ў гуфта дар ҳарам ҷой гирифтани ўро... «Худо маро дар танҳойӣ бо ў рў ба рў гардонад...»
Қиёфайи Сирфак ҳувайдо месохт бетоқатийи ўро, аммо касе намедонист чӣ гузарад аз дили ў. Сарбозони румӣ гирд гирифта буданд, то саре аз бандиҳо нагрезанд. Бандиён бо фармуди пирмард кор мекарданд, ки то кунун касе аз эшон ёд надорад ба ҷо овардани амри пиракро.

пешина
аз 390
навбатӣ