Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Баройи ҳамин мо бояд сипаҳбадонро ҷамъ орем ва машварат бикунем.
Чун қарори подшоҳ қатъӣ буд хоҷасарой илоҷи дигар наёфта гуфт:
— Шоҳ донанд.
— Сарраммолро бихонед, донишмандонро ва аркону акобирро низ...
Ва ҳанўз маҷлиси машварат фаро наомада пардадори қасри Ҷамшед ба назди шоҳ ҳозир шуд ва фармуд:
— Шоҳам, зане омада ва иҷозати даромаданро мепурсад.
— Кӣ буда он зан?
— Мефармояд, ки духтари Доройи Кудумон ҳастам ва номам Гулгун.
— Гулгун?! Гулгун, ки мурда!
— Огоҳ нестам. Ба ман чунин арз кард: Гулгун духтари Доройи Кудумон.
— Биоредаш!
Чун занро биоварданд, он қадар тағйир ёфта буд, ки падар нашинохт ба зудӣ ва пурсид:
— Чун омадӣ ба ин ҷо?
— Бо корвон.
— Туро фавтида гуфта буданд.
— Оре. Ман баройи хоҷасарой Боҳуй фавтида ҳастам.
— Чаро баройи хоҷасарой Боҳуй?
— Зеро давлати ҳахоманишиҳо ҳар чӣ шуда, аз дасти ў шуда.
— Чаро чунин гўйӣ?
— Ҳама шоҳонро ў кушт, навбат ба шумо расида.
Шоҳ Доройи III ба андеша рафт, қиёфайи фитнаангези хоҷасаройро пеши назар овард ва гуфтаҳояшро ёд, маҷлиси машваратро нахостанашро мулоҳиза кард. Ва баъд аз Гулгун пурсид:
— Хоҷасарой чӣ усулу амал дорад?
— Заҳр зиёд дорад...
Шоҳ Доройи III аз мурдан тарс дошт. Чун бозуйи набардаш суст буд ва сипаҳбадонро хуб намешинохт, лозим меомад, ки боз ҳама корро хоҷасарой сомон кунад. Чун Гулгун ҳама амалҳойи вазири боргоҳро хонд ва дили шоҳро оташ зад ва андешахояшро такорў гардонд, Доройи Кудумон тасмим гирифт пинҳонӣ сарраммолро пеши худ хонад, фол нишон диҳад, то чӣ гўяд пешомадро.
Сарраммол фол кушод ва фоҷиайи бузургро пешгўйӣ кард. Чун сухани Гулгун дар гўши падар буд, кина ба хоҷасарой гирифт ва роҳи интиқом ҷуст. Пеш хонд хоҷасаройро.
— Эй вазири донишманд, чун имсол ҳосил фаровон аст, чӣ шавад, агар иди Меҳргонро пештар ҷашн гирем?

пешина
аз 390
навбатӣ