Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ва хунаш ҷўшид, аз нав ба тройиҳо хурўшид. Зери суми асбаш мурдаву найзаву шамшеру сипар поймол мешуданд. Парешон шуданд ҳар сў душманон. Ҳар кӣ ба ҷанги рўёрў меомад, кушта мешуд. Худойи баҳр Ксанф ба фиғон омад, ки ин қадар мурдаҳоро ба рўди Скамандра маяндозанд. Вале Ахилли ба шўру ғазаб омадаро боздоштан лоимкон буд.
Приами пир ба Троя ворид гаштани Ахиллро бидид ва аз писараш Гектор илтиҷо бикард, то пинҳон шавад:
«Ҳама писаронамро бикушт, туро низ бикушад, ў тавонотар бувад аз ту!»
Модараш низ ба зорӣ даромад. Ҳайҳот! Гектор омода буд ба ҷанги Ахилл. Ў аз таънаву маломати тройиҳо метарсид, аз ин рў нигарон буд душмани хешро.
Чун Ахилл наздик омад, тани Гектор ба ларза даромад. Аз тарс бигурехт ва давр гашт гирди Трояро. Аполлон ба даму нафаси хеш амон медод Гекторро. Ў метохт, Ахилл бар асараш мерафт. Даври чаҳорум гаштанд. Худойи барқ Зевс ду қуръайи марг андохт бар ду кафи тарозуйи заррин. Қуръайи марг ба номи Гектор афтод.
Худойи Аполлон тарк гуфт Гекторро. Олиҳа Афина-Паллада назди Ахилл омад ва хоҳиш кард, то бозистад. Ва оҳиста гуфту фаҳмонд, ки бар Гектор пирўз хоҳад шуд. Пасон олиҳа ба сурати бародари Гектор Деифоба бигашт ва назди Гектор омад. Гектор бозистод.
Қаҳрамонон ба гуфтугў даромаданд. Аввал Гектор хитоб кард:
— Ман дигар фирор нахоҳам кард. Набард мекунем, худо ба касе диҳад. Вале шарте дорам: агар ман пирўз шавам, мурдаатро обрў мекунам ва ту низ ваъда бидеҳ, агар пирўз гардӣ, мурдайи маро хор надорӣ.
Ахилл хурўшид:
— Ай душмани бадкеш, пеши ман шарт магузор! Миёни шеру инсон шарте набошад, чунон ки миёни гургу гўспанд. Туро раҳойӣ набувад аз дасти ман! Ту баҳойи хуни ёри ман Патроклро бояд бидиҳӣ!
Ва андохт сўйи Гектор найзайи гарони хешро. Гектор хам хўрд ба замин ва амон ёфт. Олиҳа Афина-Паллада зуд найзайи Ахиллро бардошту баргардонд... Гектор найза андохт. Найзайи ў чун бори сабук ба сипари Ахилл бархўрду бозпас гашт. Гектор найзайи дигар андохт ва бародараш Деифобаро ба ёрӣ хост, вале ў пайдо набуд. Дарёфт, ки олиҳа Афина-Паллада фирефта ўро.
Маргро эҳсос кард. Шамшер аз наём кашид. Ҳуҷум овард бар Ахилл. Ахилли диловар бишўрид ва найза бизад бар гардани Гектор. Афтид ба замин ва фармуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё