Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чун шоҳ Ардашери II аз ин ҳарф огоҳ гашту гирифтор шуд ба суханони вазири доно, фармуд фаро хонанд ҳакимонро, то омўзанду гўянд, ки чаро чунин карда ҷосус. Ва ҳоло дар куҷояст ў?
— Шоҳи олам, китоби «Занду позанд» хабар медиҳад, ки рў ба рўйи Кўшки Гардон муқаддасгоҳе ҳаст. Дар он ҷо воқеъ будани Кўшки Гардон ноҷост, бибояд афканд онро.
— Сабаб чист, хоҷасаройи бузург?
— Шояд он шом аз шоҳзодагон кўтоҳие гузашта ва ё носазо гуфта он гўру гўрхонаро.
Шоҳи тезҳуш ба мулоҳиза афтод. Бо таҳаммул бархост. Гом зад рўйи фарши толор. Сар афшонд: «Дареғ!»
Вазири доно дарёфт дареғи ўро, ҳозир шуд дар паҳлўяш ва фармуд:
— Шоҳи олам ҷавонанд, худованди рўзидеҳу раҳнамо фарзанди зиёд хоҳад дод. Силсила нагусаста, шоҳзода Ох зиндааст. – Номи Охро дониста ба забон овард вазири доно, то чӣ фармояд шоҳ.
Шоҳ ҳамчунон гом мезад банизом, вале ҳарф барнамеомад аз забони ў. Вазири пухтакору ботаҷриба чашмдор буд: бояд чизе бигўяд шоҳ. Ё ҳукм ва ё хоҳиш.
— Кўшки Гардонро бояд барафканд! – амр кард шоҳ ва сар андохта гом мезад. Қарор истод, рў овард ба вазир, хеле хомўш буд, пасон фармуд: – Он гўрхонайи муқаддасро барҳам бояд зад!
Гўру гўрхонайи модҳо низ ба мо душманӣ дорад!
Вазири боҳуш мақсаду муроди шоҳи порсро дарёфт, ки шубҳа аз мурдайи модҳо дорад. Ҳол он ки аз замони Куруши Кабир то имрўз чӣ солҳое гузашт. Қасди юнониёнро фаромўш карда шоҳ, домангир аз модҳост. Хоҷасаройи бузург бояд шоҳро огоҳ гардонад, ки ғофил мабошад аз найранги Рум. Вале ҳоло ҷойи ин ҳарф нест, ғами шоҳ Ардашери II фузун аст. Пешниҳоди дигар дорад Боҳуй:
— Пас аз ин ҷо бояд кўч баст. Ҷойи шумо тахти Ҷам аст, шоҳи олам.
Оташ андохт андар замири шоҳ вазири маккор. Шоҳи зандўст, ки бештар вақти хешро сарфи онон мекард ва шабу рўз дар фикри дўшизайи тоза буд, биандешид пешниҳоди хоҷасаройро.
Хаёлаш ба куҷое рафт. Шодмон гашт худ ба худ ва каф сойид.
Вазири доно дарёфт, ки мурдайи фарзандон аз ёд рафт ва банди андешайи духтарон гашт.
— Андешайи вазири доно ин аст, ки кўшку дижу ҳарамро барҳам занем, бор бандем ба Ҷамдиж?
— Оре, шоҳи олам. Андешайи кўч бастан ҳаст, аммо фикри барҳам задани кўшку дижу ҳарам ба сар наёмада.
— Ба вазири ҳамадон ошкор аст, ки мулк бесоҳиб нашавад.
Агар ин дижу кўшку ҳарам обод монад, касе ҳоким шавад, рўзе қасди модҳо биситонад.

пешина
аз 390
навбатӣ