Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

модар бозмедошташ ва аз даргоҳи Урмузди поку тавоно талаб мекард, ки писари яккаву ягонаашро нагирад аз ў.
Хоҷасарой бо иҷозайи шоҳ омад ба аёдати шоҳзода Ох. Чашмони шоҳзода баста ва худи ў мадҳуш менамуд. Модар сари болинаш мегирист ва аз яздони пок талаби зинда доштани писарашро мекард. Шоҳзода Ох донист омадани хоҷасаройро; шунид садояшро, вале чашм накушод. «Аҳура Маздойи бузург меҳрубон ва бахшоянда аст, дуруст мегардонад писари шуморо, осуда бошед!»
дилдорӣ кард модарро. Модар шодмон гашт аз ҳарфи тасаллибахши вазир ва таъзим кард ўро.
«— Шоҳзода, зуд ба по шав, ки мулк туро нигарон аст!»
Шоҳзода наҷунбид. Ишорайи хоҷасаройро пай бурда буд.
Хаёле чашм кушоду пўшид, ки маънийи сипосгузорӣ ва ба ҳарфи ў сарфаҳм рафтанро дошт. Модар пай набурд ишорайи писарро, аз ин рў аз забони вазир маънӣ кашиданӣ шуд:
— Оё ў ба Миср меравад, хоҷасаройи бузург?
— На. Ў дар сарзамини дудмони ҳахоманишиҳо бояд бимонад.
— Шоҳ мехоҳад инро?
— Бале, шаҳбону!
— Ба ў мулк лозим нест, хоҷасаройи бузург, тани дуруст лозим аст.
— Оре, шаҳбону. Аввал тани дуруст, пасон мулки обод.
— Сарфароз ҳастам, хоҷасаройи бузург.
— Шаҳбону, чун шоҳзода ба худ ояд, бигўедаш: хоҷасарой омада буд. Ба худ набудӣ, ҳарфашро нагуфта рафт.
— Ба чашм, хоҷасаройи бузург!
— Чашми шумо дард накунад, шаҳбону.
Арақ кард шоҳзода. Модар ҳамесутурд хайи сарди сару гардани ўро. Чун Ох ҳама ҳарфҳо ва ишораҳойи вазирро шунида ва дарку дарёфт кард, аз андешаву ҳаяҷони зиёд арақаш фаро гирифт ва фикр мекард, ки вазир боз чӣ ҳарфи баҷойӣ дошта бошад.
— Табат зиёд аст, Ох, бихоб наҷумб! Тарсидӣ?
— Ҳо, модар, тарсидам. Бирав назди падар ва бипурс, ки Кўшки Гардонро хароб созад.
— Чаро?
— Хоб дидам, ки он сўйи рўд ҷадди бузурги модҳо хуфта, ҷойи муқаддас аст он ҷо. Андарбарўйи он будану густохӣ кардан шойиста нест.
— Ту худ бояд биравӣ... медонӣ, ки шоҳ ба ҳарфи занон гўш надорад.
— Ба ҳарфи ман низ гўш надорад.
— Чаро?
— Гумонаш бад бувад мар маро.
— Пас, ба хоҷасаройи бузург бигўй. Ў равад назди шоҳ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо