Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Рўзгор инсонҳоро ҳамадон кунад. Китоб баройи хотира аст, рўзгор баройи таҷриба. Ту огоҳ ҳастӣ аз набарду овардҳойи Порсҳо ба Рум. Хишоёршоҳ поймол кард Юнонро, оташ заду хароба кард Отинро. Магар онон ором нишинанд? Рўзе қасос хоҳанд гирифт.
— Магар падарам гуфт?
— На. Падарат вақте надорад, ки бо занҳояш сўҳбат кунад.
Моҳҳо ба дидори занҳояш намерасад. Медонӣ, чаро он модарандарҳойи ту аз гум кардани фарзандони ягонаашон девона шуданд?
— На.
— Зеро донанд, ки дубора шоҳ бо эшон напайвандад ва аз эшон дигар фарзанд ба дунё наояд. Ва ман ҳам ҳамроҳи ту ба Миср равам, авлотар аст аз он ки дар ин қаср зани шоҳ бошам.
— На, модар... Агар ҳарфат дуруст аст, ман дигар хел рафтор хоҳам кард.
— Чун! Бар зидди падар?!
— На! Ба хотири шири модар!
БаНди ПАНҶУМ
Шоҳзода Ох шаборўз фикр мекард дар борайи Сосони ҷосус ва ҳайраташ афзун буд, ки чаро моҳигири пир дарак аз мурдайи ў намедиҳад. Аз он ки ҳама орому осудаанд ва аз дарбанди диж хабаре нест, парешонтар гашт Ох. «Мабод, ки зинда бошад Сосони ҷосус!» Шоҳзода роҳу равиш гум карда буд; гўё коре надошт, таълими хонаводагӣ хотима ёфта, шоҳзода шоҳи бекорон ва оворагон таъйин гашта. Ҳайраташ боз аз он ки касе чизе напурсад, аз роҳат гард нагўяд. Ҳатто пардадор ва ё меҳмондорон ҳам боре напурсиданд, ки «меҳмонат» куҷо шуд. Ў низ аҷаб дорад, ки Сосони ҷосус фурў рафта ба коми моҳӣ чун Юнус. Ба ў хабар лозим буд: хабари зинда ва ё мурдайи Сосони ҷосус.
Чун хабаре набуд, Ох худро ба гўлӣ зад ва ҷониби дарвоза рафт, ки одатан ҳама ахбори тоза аз он ҷо паҳн мегашт ба диж.
Назди дарвозайи диж касе аз ин боб ҳарф намезад ва аз ў чизе намепурсиданд ҳам. Гумон дошт, ки пардадори пурриш ҳатман ўро пурсон мешавад, ки меҳмонаш куҷо шуд, зеро шоҳзода одату хислати ўро медонист; медонист, ки ҷонзоде аз дарвоза дурун ояд, бояд бурун равад ва аз назари ў бигзарад. Вале ҳоло ҳоҷиб аз шоҳзода чизе намепурсад ва Ох хаёл дорад, ки дониста намепурсад ҳоҷиб.
Шоҳзода озод бурун рафт аз диж, сўйи дарбанд рафт, назди моҳигири пир, ки аз бом то шом ба рўд тўр меандохту мекашид.
Моҳигир шоҳзодаро дида тааҷҷуб накард, зеро Ох одати назди ў омаданро дошт ва ба ҳар моҳийи бадомафтода завқ мекард. Ва ҳоло гумон дорад, ки ҳамон омаданҳояш ба назди моҳигир мадад кунад, то моҳигир бадгумон нашавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо