Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Ғамхориҳойи ў дўстона нест, балки макру ҳиял аст. Тира гашт мағзи сараш дар як нафас ва ба назараш давр зад кўшк. Тозон ба манзили дуввум баромад, то вазир Боҳуйро аз манзили аввал об бубарад. Боҳуй нафаҳмид қасди ўро. Ба гумонаш зарурате болояш бурда. Биандешид танҳо, ки оқибати ҳамайи ин корҳо чӣ бошад. «Ох подшоҳ шавад, ба ман чӣ расад? Ку бишавад...» Вале як ошёна боло Ох хаёл дошт, ки Боҳуйро об мебарад. Чун ба худ омад, кўшкро гардон надид, пиндошт вазири донову маккор аз қасди ў огоҳ гашта, кўшкро аз гардиш боздошта, кунун дар фикри нобудийи шоҳзода аст. Хавф кашид Ох. Пас илоҷ дарёфта хешро ба девонагӣ зад: либосҳоро аз тан бадар кард ва рўпўшро ба об андохт. Чун Боҳуй ба Аровандрўд афтодани рўпўши Охро дид, як қад парид, ки шоҳзода ба об афтода. Тозон ба ошёнайи дуввум баромад, шоҳзода сари нимдевора буд ва тасмайи сафеди пешонабандро рўйи чашмон кашида худро ба об андохтан мехост.
— Ин чӣ рафтор аст, шоҳзода?! – ўро боздошта ва пас кашида гуфт вазир Боҳуй.
Шоҳзода Ох посух нагуфт, балки гирист. Сар боло накарда мегирист. Вазири донову пурдида шайтонийи ўро пай набурда бовар кард, ки оҳанги куштан дорад.
— Чӣ алам расид, шоҳзода?
Сар ҷунбонд Ох, ки аламаш ғунҷойиш надошта бошад дар қафаси синааш. Чун садояш ларзону гулўгир буд, гуфт:
— Ба роҳи шайтон рафтам, тифли бегуноҳро куштам... Шояд Ҳурмузди бузург ўро лойиқ дида буд ба шоҳӣ.
— На, шоҳзода… Агар Аҳура Маздо ўро ба шоҳӣ лойиқ дида буд, ту ўро куштан натавонистӣ. Туро лойиқ дониста, аз ин рў ту он корро сомон кардӣ. Гуноҳи ту нест. Он чи яздони пок насиб гардонда, бишавад.
— Ман гунаҳгорам назди худойи яккаву ягона! Назди хоҷасаройи бузург ман гунаҳгор ҳастам!
— Чунин магўй, Ох! Назди шоҳ Ардашери II гуноҳатро гуфтӣ, бовар накард, ман ҳам бовар намекунам...
— Чун!? Чун шумо бовар намекунед, хоҷасаройи бузург, ки дидед?
— На, ман чизе надидаам, ба чашмат намудааст... Дар ин хусус маяндеш. Корҳойи бузург дар пеш аст. Ту бояд шоҳаншоҳи мулки Порс бишавӣ.
Охи маккор низ тахтапушт ба нимдевора сойида нишаст ва пеши пойи хоҷасаройи бузург намоз бурд:
— Худойи ман шумо ҳастед, хоҷасаройи бузург.
— Магў чунин! Маро гунаҳгор макун, худо якка ва ягона аст...
Бархез. Мо бояд назди шоҳ биравем ва он саҳнаро гўемаш. Бархез!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо