Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

«Ҳоҷати ўро ба шоҳ бад кардан нест... Аз зери нофаш теғ бояд дошт, то ҳама бодаш барояд...»
Ва натавонист бимонад андар кўшк. Кафши чўбийи савдогарро бадар кард, боз бирафт паси девори диж, то чӣ садо ояд... Садоҳо хомўш буданд, чун хомўшиву оромийи пеш аз тўфон. «Наход, ки ҳама палонҷҳоро назди шоҳ бурда бошад?»
Посўхта шуд Ох. Ҷуз лаби рўди Арованд тохтан илоҷе надошт.
Оби рўд аз яхобҳойи кўҳи Арованд сероб гашта, саҳни аввали кўшкро пахш карда буд. Чунин боло дамидани оби рўд хуш омад ба шоҳзода, вале касе пайдо набуд, ки ба об афканад. Кафшҳойи чўбиро, ки оби саҳни кўшк андак-андак мавҷ зада ноҷо мекард, ба нўги пой тела дод то оби равон. Кафшҳойи чўбӣ обро савор шуданд ва чун киштийи бозийи кўдакон пасу пеш рўйи об лапида рафтанд. Каме таскин ёфт Ох, ки чизакеро об бурд. «Бояд ҳама чизро бубарад ин об».
Мойиндари ғафслаб дар симойи Ох нишонаҳое аз ваҳшиёнро дарёфта буд. Аз ин рў шоҳзодаро бад медид. Шоҳзода Ох ҳам байни мойиндарон ин зани чаҳорпаҳлўйи ғафслаби ҳабашиштиҳоро хуш надошт. Ситораашон мувофиқ наафтода. Ох андеша мекард, ки Шоҳ Ардашери II чӣ гўён ин зани духтарзойи зиштсуратро дар ҳарамаш нигоҳ медорад, шояд баройи сияҳҷурда буданаш ва бақувват буданаш. Вале он чӣ шоҳ дарёфта аз ин зан, шояд ба хаёли Ох наояд. Шоҳ аз ў писар мехоҳад, аз ин зани ғаюри тановар гурде мехоҳад, аммо худо мувофиқ намедонад. Бале ҳоло шоҳ умедашро канда, чандин сол аст, ки шабистони Ғафслабро надида. Аз ин ҷост олуғдагийи шоҳзан, аз кӣ алам ситониданашро намедонад... Ох аз ҳарфи паси девор дарёфт, ки ба ў часпонданист... Андешаҳойи дигар аз сари Ох париданд. Танҳо андешайи Ғафслаб монд.
Ох раҳи мойиндари Ғафслаб мепойид, то танҳо дарёбад ва бо ҳилаву найранг мойилаш гардонад, ба доми хеш кашад, аммо Ғафслабро аз ҷое пайдо намекард; ё аз қасди Ох огоҳ гашта, хештанро ба ҷое пинҳон карда, ё аз диж бурун рафта ва ё худро нобуд сохта. Ҳама мойиндаронро мебинад Ох ба ҷуз Ғафслаб.
Ва баъдтар, вақте ки шоҳ Ардашери II ўро боз ба наздаш хонд ва Ох аз бадиҳойи Ғафслаб лаб кушод ва гуфт, ки аз дасти чунин палонҷ ҳар бадӣ меояд, посух гирифт, ки зани сиёҳранги ў бо ҳамҷинси хеш парвоз кардааст; лагад бар давлату сарвати шоҳ зада ҳамроҳи марди ҳабаш ба Ҳабашистон фирор кардааст. Ох чӣ гуфтанро надониста, ғам ва ё шодийи хешро низ ифода накарда, ба рўйи падар нигарист, ки чӣ ҳолате дорад...
— Бад ҷазояшро сазовор мешавад, Ох, – ҳанўз ҳолати падарро муайян накарда ба сухан даромад шоҳ ва писар надонист, ки ҳарфи ў ба чӣ ваҷҳ аст. Ба худ кашид чу девори намкаш ва сар андохт.
Шоҳ рамуз гирифт аз рафтори ў ва гумон кард, ки ў аз ҳукми Нўшин ба ғам уфтода, афзуд: – Ғам нахўр, Ох...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо