Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 390 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳзода чунон ба Протея унс гирифт, ки ба доя Ланика гирифта буд. Доя Ланика бародаре низ дошт бо номи Клит. Хушандом буду хушхў ва хеле хуш омад шоҳзодаро. Искандар бо ў низ ҳаваси бозӣ дошт.
Чун Клитро некӣ афзун буд, хоҳиши шоҳзодаро ба ҷо меовард; бозиву хушиҳо мекард бо ўву Протея. Аз навдайи дарахтон асб месохт ва кўдакон асбон миёни ронҳо дошта ва аз химчаҳойи дигар тозиёна бофта «ҳа чу!» гўён мезаданду метохтанд ва сар майл ба чапу рост дода, давра мегаштанд ва гўйӣ асбони мастро базўр ҷилав мекашиданд. Шоҳзода аз ҳад зиёд шодон гашта аз дояву пайвандони ў.
Чун Олимпиада дарёфт, ки падар машғул намешавад бо тарбияйи писар, худ ба ўҳда гирифт ин вомро. Ва модар мехост, ки писари ҳушдору ҳушёру бебокаш тарбияи эпирӣ гирад. Зеро шоҳдухтари эпирӣ Олимпиада расму русуму одоби мардуми Эпирро бартар медонист аз таълими мулки дигар. Аз ин рў мехост, то хуни писараш ба хуни бобокалони модариаш Ахилли диловар кашад.
Зеро Олимпиада банангтар аз ў дар таърихи Юнони кадим қаҳрамонеро ёд надорад. Аз ин рў шоҳдухтари эпирӣ яке аз пайвандони хеш Леониди некдилро чун мураббийи писар пазируфт. Леонид марди доно, қавирўҳ, сахтгир ва дилсўз буд. Мураббӣ орзу дошт шоҳзода чун ҷавонмарди деҳотийи кўҳистон ба воя расад, ғашу олудагиҳо надошта бошад, чун спартанҳо нозу нузро надонад, сангосо сахт бошад, чу оташ сўзон, чу теғ гузаро, чу олуҳ (уқоб) баландпарвоз ва ҳамчу мард тавоно. Леонид ба тарбияйи тану рўҳи шоҳзода машғул шуд. Ҳар бор, ки Протея омад, мураббӣ аз чўб найзаву шамшер месохт, ба ёрон мебахшид ва мефармуд бозӣ кунанд, то найзавариву шамшерзанӣ омўзанд. Инчунин Леонид дўст медошт, то шоҳзода шабравиву шабгардӣ бикунад, то чунин хў дар хуну сиришташ боқӣ монад. Наҳор нахўрад ва то чошт бихобад... Чунин тарбия созгор буд шоҳзодаро. Вале Олимпиадайи далсўз меғуррид, ки Леониди якрав бадхў кунад писарашро.
Бачча хароб гашта, шикамчайи корсонаш фурў рафтааст. Аз ин рў модар беҳтарин хўрданиҳойи лазизу шоҳонаро зери болини писар мегузошт, то пинҳон аз мураббӣ дарёбаду бихўрад. Ва аммо ба ҷойи ў Леониди зирак дастмол мекард зери болинро ва луқма пайдо карда, мерабуд. Ва рў ба Олимпиада меовард:
«— Беҳтарин ғизо шабгардист, малика!» ва то хоб бурдан сари бистари шоҳзода меистод.
Ва Искандар кунҷкоб шуд. Маънийи ҳар чизу ҳар калимаро мепурсид, номи ашёро донистан мехост: «Ин чӣ?» ва одами бекоре лозим буд, ки тамоми пурсишҳойи ўро посух гўяд. Ланика ҳам хаста мешуду Леонид низ ҳам. Пас ў ба Протея мечаспид ва мепурсиду мепурсид.

пешина
аз 390
навбатӣ