Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Агар ғаразат ҳамин аст, падар низ дуто дорад.
Ва хандиданд. Вале ин ҳарф Ланикаро ба андеша водор кард ва рўзе, ки тифлро шуста, дар обчини сапед печида ба хобгоҳаш мебурд, рўҳи Олимпиадаро болида дида, аз дўстдориҳояш илҳом гирифт ва бо карашма пурсид:
— Дугона, ман бояд донам, ки падари дигари ў кист?
Олимпиада табассум бикард ва аз пешонийи Искандар бўсида, фармуд:
— Чун падари ҳама ялони номдор Зевси барроқ.
Доя тааҷҷуб бикард, вале чизе наафзуд. Модар аз куҷо донад пешомади ўро. Шояд ишора ба «ду дил дорад» гуфтани ў кунад ва ё сари синайи уқобонайи тифли шуданиро дар назар дошта бошад ва ё чашмони зираки тифлро мушоҳида карда. Ланика дергоҳ хомўш бимонд ва суханони аз занон шунидаашро ёд оварда, андаке мулоҳиза кард; дар шакли мори сапед ба шабистони малика даромадави Юпитерро пеши назар овард... Хеле карахт монд. Пасон ба қомати баланди зани ороставу пероста ва базебу банур нигариста, сар афшонд. Зеро ҳама асрори ўро аз хурдӣ медонист; надида ва ё нашунида буд, ки Олимпиада бо касе коре карда бошад. Тифлро сахт ба банди дил пахш кард ва фармуд:
— Ҳо Олимпиада... Чун ялон ном бароранд, нимхудо шаванд, чун нимхудоён шўҳрат ёбанд, худо шаванд...
— ...ва чун занони огоҳ ба писарони хеш падар ҷўянд, зани Зевс гарданд. – Ҳазл кард малика.
Искандари фатиламўйи дўстрўй аз меҳрубониҳойи, дояву модар ва гуфтору завқи онон варзида, даҳон воз дошта дасту пой мезад, ки шарик бошад ба хушнудийи онҳо. Ҳолиё иттифоқ афтод дидори сегонайи эшон. Вагарна модару писар кам мерасиданд ба дидори ҳамдигар. Ланикайи хубрўву доно писаре дошт бо номи Протея ва ўро баъзан ба боргоҳ меовард ва назди шоҳзодайи кўчак мегузошт.
Искандар ошно шуд ба дидори ў ва ҳангоми рафтанаш мегирист ва талаб мекард, то ў наравад. Бозиҳо мекарданд онҳо. Рўзҳое ки доя беписар меомад, шоҳзода ғаш мекард ва маҷбур месохт, доя баргашта писарро биоварад. Чун Протея ҳозир мешуд, Искандар хушҳолу шодон мегашт. Ба бозӣ медаромад.
Беқарор буд Искандар. Гашти оҳиста надошт; якбора медавид аз ҷойи истодааш, чунон ки парранда якбора паррад аз замин.
Агар надоранду ғизо надиҳанд, тамоми рўз медавид. Медавиду медавид. Ва доя Ланика ба чунин хислату рафтори кўдак ишора карда, «ду дил дорад» гуфта буд. Чун доя писараш Протеяро меовард, Искандар ба ў часпида кашу пархош мекард; ҳар ду тойчаҳойи мастро мемонданд, ки андар марғ бозию тозӣ кунанд ва баробар чароғпоя гашта даҳон ба якдигар андозанд. Масту беқарор зўри якдигар меозмуданд. Ва Протея ҳадде надошт, ки Искандарро афканад. Афканаду рўзашро бинад. Искандар чун кана мечаспид ба ў ва то ба замин нағелонад, осуда намегашт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё