Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Донишманди беназирро равшан буд, ки ҳеҷ касрро амал бе ҷабру ситам нест ва ба чунин маснад худро наздик кардани марди хирад бехирадист. Инсоне, ки қадри хеш ва ҳунари хешро медонад, набояд ин корро бикунад, набояд ба хотири рўз гузаронидан, чарбу гирифтан аз баҳри тавону ҳунари худ даргузарад. Аристотолис баройи Устод буданаш ва баройи Олимпиадайи хушгуфтору хушрафтор ба боргоҳ ташриф оварданӣ шуд. Гумон кард, ки Искандар аз муомилайи дўшина озурдахотир гашт ва дарёфт, ки устодаш малўл шуд... шояд баройи ҳамин ўро ба қасри шуҷоат хонда бошад. Ба ҳар ранг бояд биравад; баройи фаҳмидан, донистан ва фикру андешайи хешро иброз доштан бояд биравад. Ва шояд ин даъват аз ҷониби малика шуда бошад... Зиёд буд андешаву тахминҳойи Устод. Ва ҳоло ки ба қарори қатъӣ наомада буд, андар остонайи кулбайи олимонааш пойи рафт боздошт ва остонайи аз даробаройи зиёд хўрдагаштаро аз қасру боргоҳҳо боло донист, бозпас кашид пойи аз остона бурунро: «Шоҳзода набояд баройи чунин густохӣ қатл фармояд маро... ва агар қатл фармояд, дуруст кунад. Инсон ба ҳар ранг хоҳад дар дунё ном гузорад: яке бо заҳмат, дигаре бо ҳунари воло; яке бо шамшеру теғ, дигаре бо бадкорӣ, яке дар санг ҳак мекунад номи хеш, дигаре андар обу ҳаво, бар яху барф, яке дар дилу дидайи халқ, дигаре танҳо дар дилу дидайи пайвандон... ва номи бадон намонад андар ҷаҳон, агар монад туфайли некон монад, ки бад бадкорӣ карда буд бар некон... Ман ба Искандар дарси ҳарб наомўхтаам... фалсафаву мантиқу табиатшиносӣ, ҷуғрофия омўхтам... шояд хато кардам, ки ҳаваси ўро ба кишварҳойи дуру афсонавӣ ангехтам... гумонам ў оламдон мешавад, гетифурўз мегардад, яқин аст, ки ҷаҳонгард ва дунёсўз шавад... имонам комил аст, ки ин ҷавон ба чунин роҳ рағбат дорад... на-а-а... ман ҳампойи ў нестам... пархош баройи сагон аст... инсон набояд биҷангад, набояд хун хўрад... Ман мурғи озодам... набояд ба касе мутеъ бошам. Аз Пелла бояд биравам, ба Отин наа, он ҷо низ пурмағал аст... кунҷе бояд бигузинам, ки
1 касе халалгор набошад... ва ё сайру гашт бояд кард – машшоия чизи хуб аст... лекин ба зайли сайру сулуки Искандар на... забт на, таҷовуз на, зўрӣ на... гаштану дидану омўхтан...»
Дарвозайи оддийи Устод кўфта шуд. Парешон гашт Устод ва гумон накард, ки Искандар боз барояш қосид мефиристад. Баробари дарро боз кардан сарбози мусаллаҳро бидид ва дарёфт, ки кори шоҳи ҷавон аст.
- Масъалаҳойи мураккаби фалсафавиро бо роҳи баҳсу музокира ҳал кардан.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо