Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

Вале акнун мехоҳад, ки чун Геракл ва ё Ахилл бошад, аспи зери ронаш битозад ва шамшераш бибуррад. Искандар аз ҷоми заррини порсӣ май менўшад. Ба Протейу паҳлавони мисрӣ чашмак мезанад, арғушти беназири гетерҳоро, алалхусус Тойису Эрисро чашм танг карда базавқ тамошо мекунад ва сар меафшонад, ки онҳо розианд, тамоми умр ҳамроҳи шоҳи ҷавон дар юришу набардҳо бошанд, ҷаҳонгард шаванд.
Вале Устод сар метобад. Ба Искандар чунин намуд, ки Устод монеъ мешавад ба ҷанг.
«— Биоваред ўро!» – фарёд заданӣ шуд Искандар, вале фақат тавонист ба ҷойи садо мушт баланд кунад. Ин одати нави шоҳ.
Аз ин рў касе надонист, ки ў чӣ мехоҳад. Аз пурсон шудан бим карданд. Ситорашинос, ки андар бурҷи айшгоҳ сархуш буд ва сари фолу пешгўйӣ надошт, наметавонист матлаби ўро ҳувайдо созад. Мушт дар ҳаво, сар хам ва чашмон нимпўш шоҳи ҷавон ҳайкалсурат буд.
«— Биоваред!!!» – зайле ки қарор дошт садо баланд кард ва ҳама бозистоданд аз рақс.
«— Чиро?»
«— Ў-ў-ў-р-р-р-о-о-о!»
«— Тойисро?»
Сар афшонд Искандар ва ифода кард:
«— Ў-р-р-р-о-о-о...! « Ва бурданд ўро ба шабистонаш, ки ҳеҷ гоҳ дар чунин ҳол наафтида буд ва шояд минбаъд бо Протей мусобиқаи майнўшӣ накунад.
Протей аз ҳамсоғаронест, ки шаробро об медонад, косакаш ҳам хўрад, маст нашавад.
Дами субҳ гўё андар хоб вазъаш хуб гашт ва Устод пеши назараш омад. Рў ба рўяш теғ кашида нигарист ва сар ҷунбонд.
Искандар маломат пиндошт нигоҳи буррандайи ўро ва андаке хешро пас кашид, вале якбора шер шуд, қадами қатъӣ ниҳод сўйи Устод ва ғуррид.
«— Бо ман бояд биравӣ!»
«— Куҷо биравам бо ту?
«— Ба ҷанги Порс!
«— На! Ман пархошгар наям, хунхор ҳам нестам...»
«— Магар ман хунхорам?!»
«— Касе, ки ҷанг мехоҳад, хунхор аст...»
«— Магар фаромўш кардӣ, ки ман шоҳам?!»
«— Бале, ту шоҳӣ... вале набояд шоҳи хунхор бошӣ!»
«— Кӣ гуфт, ки ман хунхорам?! Ман қасд меситонам!.. Қасди шумо, қасди юнониҳоро...»
«— Ман ва мо ба касе қасде надорем...»

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо