Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 7

— Бемаргӣ мехоҳӣ?
— Бале.
— Мабод, ки Устод туро фирефта бошад!
— На. Устод маро нафирефта. Балки ман аз ў хоҳиш кардам, то ҷойи Оби Ҳаётро бигўяд.
— Пас нагуфт, ки бемаргӣ он аст, ки худи ў мекунад?
— Ман чунин бемаргиро медонам, модар... вале ҳунари ман дигар бувад...
— Пас, ту донӣ... Ман ҳама ҳарфамро гуфтам.
Искандар се шаборўз касе аз ёронро напазируфт, ба тарабхона нарафт, майли гетерҳо низ накард. Биандешид аз хусуси ҷангу Оби Ҳаёт, ҳунари Устод, зарри Порс ва фарзонаву ҷовидона будан.
Чизе дарнаёфт, ба хулосае наомад. Ва бархосту бирафт назди Устод.
Устодро пайдо накард андар кулбайи фақирона. Андешид, ки чаро ин қабил инсонҳо чунин фақирона умр ба сар мебаранд, аммо аз берун менамояд, ки онҳо шоҳона зиндагӣ кардаанд ё баъди маргашон низ зиндагӣ хоҳанд кард.
— Шуморо ба боргоҳ мехонам, Устод.
— Аз чӣ рў?
— Охир, бе маслиҳати шумо намешавад давлатдорӣ кард.
— Агар маслиҳати ман лозим аст, метавонам аз ин ҷо низ маслиҳат бидиҳам. Вале боргоҳ ҷойи ман набувад. Кулбайи одамони андешаманд бояд танг, вале фазояш ниҳоят фароху кушод бошад.
Искандар ба андеша рафт. Худ аз худ абрўйи чапаш парид. Ба ангушт сойид абрўяшро, ки ҳамвор мекарда бошад, вале ба Устод нагуфт, то фаҳмонад чӣ хислату аломатест. Искандар эътибору аҳамият намедиҳад ба чунин аломату нишонаҳо. Медонад, ки кафи дасти чапаш хорад, толон мегирад, аммо фарқ накарда, ки паридани абрўву чашм ва ё лаб чӣ меорад. Ба ҳар ҳол ҳамвор кард абрўро. Қарор нагирифт. Ба нўги забон ангушт нам карда, боз сойид.
Устод пай бурд паридани абрўйи ўро, аммо чизе напурсид.
Балки фармуд:
— Асабӣ нашав, Искандар.
— Асабӣ нашудаам, Устод...
— Чизеро аз чашми нозукбини ман пинҳон доштан норавост.
Асабӣ шудан ва ғам хўрдан чунон аст, занг хўрад оҳанро. Андўҳ хуни гарму тези дамидаро фурў менишонад, мардро заъиф мегардонад.
— Бале, Устод! Ҳар чӣ фармудед, мусаллам аст... аммо ман аз чашми пурбину мўшикофи шумо чизеро пинҳон надоштаам...
— Мебинам, ки абрўят мепарад, аломати хушист. Чашми чапу дасти чап наздик аст ба дил. Ҳар неку бадро пеш аз ҳама дил пай мебарад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо