Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шарифа санг зад, то моҳиро раҳо кунад мор; ҳама чиз гум шуд: «Ҳар сайд сайёде дорад!» Ба гўшаш шарфа расид. Баргашта ба роҳ, ба даҳонаи тангкўча, ба латтапораҳои рангаи Чилламазор нигарист. Касеро надид. Танаш ваҳм кашид. Бархоста нигарист. Ба чашмаш расид, ки латтапораҳои шохи тути марворидак худ аз худ мелаппанд, бе бод, вале барги дарахтон қароранд. Оби шовахонаи рў ба рў низ садояшро дигар накунад. «Ҳар сайд сайёде дорад!» Аз гўшаш наравад ин садо.
«Мегўянд, ки Зуҳур гузаштааст!» Аз куҷо омад ин садо? Бод набуд, ки орад, касе набуд, ки гўяд. Ва гўши ў шунавид ин садоҳоро: «Ҳа-а оқибат гузашт... Ҷонашро халос кард, ман гирифтор шудам...» Чунин хулоса баровард ва зери шонаи чапаш сих зад, дилаш афшурда гашт. «Гуноҳам кўҳ барин шуд». Ў бознишаст, ба оби ором нигарист, ки ин дафъа дар оинаи он чӣ медида бошад?
Раммолон чун дар обу оина қисматҳо хонанд?
— Оча!
Ин садои ошно ва маълум буд. Шарифаро як қад парронд, вале ў зуд ба Сангин нанигарист, балки андешид, ки Зуҳур даргузашта, инак ба онҳо таҳдид кунанд; Норӣ ба қадри падар расида, даъвогар шавад, ҳама дидаашро гўяд... ҷои гурез нест.
— Оча!!!
Пуршиддат садо диҳад овоз – дар зераш хавфу таҳлука дорад.
Шарифа яқин кунад, ки ин дафъа ҳукми қозӣ иҷро гардад: аввал наберааш Ёдгор сўйи ў санг андозад, сонӣ Норӣ. Ва ў қасдашро гирад. Фурсати қасдситонӣ расида. Гўё то алвақт далеле, бурҳоне набуд. Инак, ки сари падарро бохт, қасди бадномиро гирад...
Санг андозанд сўйи ў. Дерёз мардона ба по истад; чун сару рўяш хуншор гашта, қатраҳои охирини хунаш таровида фарояд ва дар нимароҳ ях бандад, ў аз ҳалокат рафта афтад ва набинад, ки сангҳои андохта чӣ ранг гўраш кунанд. Ин ҷо аввалин мазори сангӣ гардад, ки зераш зан хуфта. Шаҳид. Шаҳиди ростин. Писаронаш туғ бардоранд ва солиёни дароз сипарӣ гашта, зиёратгоҳ шавад ин ҷо. Одамони дида ва дониста қиссаи ўро гўянд; даҳон ба даҳон афсона шавад... Лекин чӣ лозим барои як одами ғайр ва дур худиҳоро озор додан? Мурдаи туро вай омада гўр накунад; барои тобутатро бардоштан сарбоз нафиристад, хароҷоти гўру кафанатро набардорад... Будӣ ё набудӣ... Лекин ту ҷон коҳонӣ, ки ба ў нағз шавӣ. Магар шиносад туро? Оқпошшо туро донад? Шиносад? Ба мурдаат гиряд? Будӣ ё набудӣ? Ин қадар худшириниро дўст дорад одамӣ. Ин қадар худнамост инсон? Як чашмаш ба кор, як чашмаш ба сардор, то бинад кори ўро, ҷонфидоии ўро, ихлоси ўро...
Чӣ қадар хор дорад одамӣ худро, чӣ андоза ба пастиҳо фарорад хешро... Чӣ мазлум аст, чӣ золим аст: аз худ пастро ситам кунад, аз худ болоро парастиш...

пешина
аз 421
навбатӣ