Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хун ба сари марди гурезон зада, оташин мегашт, на аз мурдан мегашту на аз куштан. Шерона ба рақиб дармеафтид, гургона ханҷол мезад, сагона мегазид ва мардона аз гиребон мегирифт:
«Пуштатро гардон, ман ҳам зону занам, баробар шавад». Аммо ҷавонмард пушт намегардонд, зеро бад буд номусдорӣ; номусшиканӣ ба шумор мерафт ва он кас набояд миёни мардум мегашт.
Тарафотараф аз нав авҷ гирифт. Хунӣ шуданд сарҳо, харошидаву абгор гаштанд танҳо... Кор ба дашному ҳақорат гузашт; ҳамдигарро бинову бунёд карданд, навохтанд, ҳафт пушташонро таъна карданду маломат; вақте ба чунин гуфтор мепардохтанд, ки мисли хурўси ҷангӣ монда шуда, аз ҳамдигар канор истода, даҳони хушк кушода забона мезаданд ва ё онҳоро мардуми баномус айб-айб гуфта, ба ду тараф ҷудо карда буданд; онҳо дам мегирифтанд. Аз дашному суханони нохуб, таъна, ҳақорат боз ба хурўш омада, аз нав майдонталаб мегаштанд:
— Буро! Тарсидӣ? Ғир-ғир!
— Аз ту? Аз ту метарсам? Буро!
Ва хурўсона гардан меёзиданду намебаромаданд, зеро зўри якдигар санҷида буданд ва ё барои набарди тоза мадоре надоштанд.
— Ҳолӣ як ҷо бинам, чӣ кор кунам!
— Хурӣ!
— Хурам?! Хўрдана нишон диҳам! Канда дар фалонат мезанам!
Ва занон мешуниданд дашноми мардонро. Ба ҷанг медаромаданд. Ҷанги онҳо сахттар мешуд аз ҷанги мардон; рияму олоям мекарданд ва кор, ки ба ҳадди охир расид, поҷома бадар карда, ба гардани он марди бедаҳан андохта, ба қозихона мекашиданд.
Зани он мард ба ҷанг медаромад ва мешуд хунрезӣ...
...Вале ҳоло ҷанг ба осонӣ басанда гашт ва ҳама мунтазири қозӣ гирди ду танро гирифтаанд; чунон расад ба назар, ки он ду тан санги зиёдеро гирдашон фаро оварда, нигарони санг андохтани касе ҳастанд.
Намози аср шуд. Шом шуд. Маросим худ аз худ анҷом пазируфт.
Шарифа омад. Дар ин новақтӣ омад ва гуфт, ки қозӣ ба суханаш бовар накард; бовар накард, ки як зани лоғар амини филбасро кушта тавонад. Барои ҳамин ўро озод кард. Вале...
...вале мардум ин чизро дигаргуна маънидод карданд: қозӣ беваро шабурўз дар қозихона нигоҳ дошту сонӣ... сонӣ сар дод. Ин ҳарф ба гўши Шарифа расид. Аз нав хурўш кард: «Кӣ будааст ин гапро баровардагӣ?» Аммо оби рехтаро ҷамъ карда нашавад.
«Ман розӣ ҳастам, ки амини шумо мурад, баъд маро сангсор кунед... Ў намурда маро сангсор кардан маънӣ надорад, қозии олам!» ёд овард Шарифа ва ҳаминро ҳам фаромўш накард, ки «қозии олам» гуфтани ўро қозӣ хуб фаҳмид: «гуфтаи аминро масхара мекунад».

пешина
аз 421
навбатӣ