Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Пасон бемадор гашта, шалпар шуда, ба як мушт пар табдил ёфта, гўшаи хона нишасту гирист, ки Худо чаро ўро зан офарид? Чаро Рустам назод, то ҳама қасосҳо ситонад...
Гиристу гирист, то алам ситонад аз гиря. Ў сад бор кушт Балоро, вале ҳоло ҳам вай зинда... «Худоё, марде ҳаст дар ин музофот?»
Дарвоза тақ-тақ шуд. Ў аз кунҷи хона хеста баромад ва ду тани бегонаро дид, ки пўшокашон ба пўшоки одамони таҳҷоӣ намемонд.
— Ҳавлии усто Қодир ҳамин?
Шарифа надонист, ки чӣ гўяд. Аз рўи шунидаш одамони Зуҳур чунинанд. Яқин, барояш омадаанд. Ва дид, ки илоҷе нест, посух дод:
— Бале, ҳамин... лекин худашон нестанд.
— Худашон ба мо лозим не, Саманд лозим...
— Саманд лозим?
— Ҳо!
— Усто ба ман гуфтанд, ки касе барои Саманд ояд, гўй назди худам рафта гирад. Ба амин гўед, ки назди усто равад...
Фиристодагони ношинос бовар карда рафтанд.
Шарифа андешид, ки нақшаҳояш барбод мераванд, ба мурод нарасад. Зуд Самандро савор ва ба фарози Зонушикан рост шуд.
Вале дар роҳ ҷилави онро кашид. «Писаронамро азоб диҳанд».
Аз сари фарози Зонушикан ба деҳа нигашт, ба деҳаи на чандон бузург, ки Зуҳур бар он бало ангехтааст. Дарахтон гул кардаанд, дарди девонагон авҷ кунад. Балоро низ хумори саворӣ гирифта, толиби Саманд гаштааст. Шарифа дар баландӣ андеша дорад, ки Бало ҷавоби фиристодагонро шунида ба шўр меояд ва худ аз пайи Саманд мегардад. Яқин кўдаконро азоб диҳанд: инҳоро ҳам аз паи Бурҳон фиристад. Ў танҳои зоғ монад, ҳаёт лозим нест, зиндагӣ ҳаром гардад. «Дер шавад, дер» хулоса кард ў ва: «Ҷадал бояд, фурсат набояд аз даст дод!»
Саманд худ аз худ сар гардонд. Дар нишеби фароз дастонашро яка-яка қату рост мемонд – ба назар зина ба зина мефаромад, аммо пойҳои пасаш худ аз худ кашола шуда, заминро меғозиданд.
Ҷўраву Сангин дар хона нестанд: дашт рафта, марзаву ҷўйборҳоро лабшон кунанд ва бегоҳ баргарданд; онҳоро аз ин қасд огоҳ бояд кард. «Самандро савора карда, ба дасти Бало супурдан чӣ маънӣ дорад?» Ҳиссе дар вуҷуди ў ангехта гашт, ўро бардор дод – тори зин ҳаво гиронд ва ғайрате дар ҷисми ў дамид, то Самандсавор аз миёни деҳа гузашта, бо роҳи Боғи Гарон ба Дашт равад.
Он ду қосиду Бало аз пеш баромаданд. Бало саворро нашинохта,–марди мўкипўши телпакбасари Самандсаворро нашинохт, дар ҳайрат монд, аммо аспро шинохт. Ҳайраташ афзуд, ки ин аспи саркашро кӣ зину лаҷом зада бошад? Ду тан аз гуфтаи Бало чизе дарёфта, бозистоданд, вале Бало ҷониби асп омад, то лаҷоми онро дорад: «ё ҳолиё ё ҳеҷ гоҳ» аз дил гузаронд савор ва ҷилави аспро кашид...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо