Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷўраву Сангин гумон карданд, ки ду бори дигар Самандро чунин кор фармоянд, худ аз худ сара шавад; аммо Шарифа гумон дошт, ки аз ўхдаи рому сараву савора кардани Саманд мебарояд...
Ба писарон фармуд, ки аспро зин зада диҳанд, ба он тарафаш корашон набошад. Баъди афзори Самандро ба яккамех кўтоҳ баста, хуб хору мол кардан ба пушташ ҷул андохтанд, болиштак монданд, зин гузоштанд, ором буд. Чун пуштангро танг кашиданд, беқарор гашт. Чароғпоя шудан хост, банди кўтоҳбаста нагузошт. Саманд пай бурд, ки лоимкон аст, ба тақдир тан додан рост меояд. Сайҳа кашиду кишна кард, гирд гашт, ресмон дар яккамех печид.
Шарифа ҷома пўшида, миён аз рўй баста, чоруқи аз усто мондаро ба пой кашида, мўй зери телпаки кўҳна карда, лаби марза ҳозир шуд ва нигарон истод, то писарон чӣ гўянд. Ёдгор гоҳ ба амакҳо менигаристу гоҳ ба момо ва нигарон буд, ки онҳо завқ баранд. Вале онҳо модарро дида ҳайрон монданд, сўйи ҳамдигар китфи тааҷҷуб кашиданд. Модар ҳайрату ҳароси онҳоро пай бурда пеш омад ва даст ба китфашон гузошт: «Натарсед, ҳар чӣ гўям, он кунед!» гуфт. «Даҳана ба даҳони асп андозед!» Чунон карданд.
«Чашми Самандро бандед!» Чашми аспро бастанд. «Ҷилав ба дасти ман диҳед!» Ҷилав доданд. «Рикоб доред!» Рикоб доштанд ва Шарифа пои чап ба рикоб монд...
— Оча, шумо асп савор нашудаед, мекушад! – баробар дод заданд писарон. Саманд гўш сих кард.
— Асп савор нашудаам, хар савор шудаам! Рикоб дор... Бисмиллоҳи раҳмони раҳим... Ё шоҳи мардон! – Худро пушти зин гирифт Шарифа. Саманд беқарор шуд. Ба ҷои он ки пеш равад, пас-пас рафт. Онҳо аз ду ҷониб лаҷом сахт доштанд, аспро пеш кашиданд, Саманд пас рафт.
— Чашмашро кушоям?
— Ҳоло не! Пеш кашед!
Пеш кашиданд. Нарафт. Ҷўра як чашми аспро андаке кушод.
Дигар пас-пас нарафт... Онҳо чун ду шотир аз ҷилави Саманд сахт доштанд. Майл ба пеш доданд. Саманд қадам андохт, равон шуд то кўчаи мазор.
— Ба Сурхнова тоб диҳед!
Ба Сурхнова рост шуданд. Саманд қадам мезад. Ҳар вақт ба уреброҳа гаштан мехост. Онҳо роҳ надоданд.
— Монда шудам, нагўед! Хизмат мекунед!
Фарози Зонушиканро рост шуданд. Нафаси Саманд дароз шуд.
Паси гўшаш арақ кард. Шарифа донист, ки хаста шуд Саманд.
Бозистоданд. Ба умеде истоданд, ки Ёдгор аз роҳи досшакл тоб хўрда, ба фарози якрост барояд ва онҳоро дида ё гиряд ва ё зуъм карда дар ҷояш нишинад. На ин шуду на он.
...Ёдгор пайдо набуд. Дар роҳи досшакл, дар болои мазор, дар ҳавлӣ ва дар хона пайдо набуд. Шарифа аз аспсаворӣ пушаймон гашт ва яқин кард, ки ин кори Зуҳур аст.

пешина
аз 421
навбатӣ