Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ва халал расониданд ба ҷанги онҳо. Ҷўраву Сангин саросема чашмони хоболудашонро муштмол карда омаданд ва аз чунин ҳол ҳайрон монданд; надонистанд, ки ба Зуҳур дарафтанд ва ё бели тори сар бардоштаи модарро боздоранд. Як кўдаки сарлуч аз паси Ҷўраву Сангин омад ва Зуҳур ўро дида, аланга гирифт:
— Беваи берўзӣ, надуздида будаӣ, а?
— Магар ин набераи туст? Ту набераи ҳамин беимон мешавӣ, Ёдгор?
— Чӣ хел Ёдгор? Ў Ҳасрат аст!
— Ман намедонам, вақте ки ўро аз буни девори мазор ёфтам, рўи барф хобаш бурда буд. Бедор карда номашро пурсидам, Ёдгор, гуфт. Падар, модар ва ту барин бобо доштанашро намедонам...
Бипурс, ки ў набераи туст?
— Набораи ман набуда, набераи очат аст?
Ҷўра хап меистод, аммо Сангин тоқат накард: санге бар ў андохт; ба Зуҳур нарасида, ба танаи тут бархўрд.
— Халоиқ, инҳо маро куштанианд! – занона фарёд зад Зуҳур.
Шарифа рўймол аз сар гирифт ва ҷониби ў андохт:
— Ма, пирхар! Ба сарат банду баъд дод зан! Номард будани туро халқи олам медонад! Магар мард дар ин вақт ба сари беваи бечора меояд?.. Пирхар, ман донам, ки ин набераи туст, буни девор мурад ҳам, намебардоштам!
Писарак ба таври худ маънии ҳарфро фаҳмид ва ба замин нишаста, по заду гирист. Раҳми Шарифа омада, белро канор андохт ва рафта Ёдгорро оғўш кард. Вале писарак хап намешуд...
Зуҳур пўписа кард:
— Дамата гир, Ҳасрат! Очат ку?!
Писарак лаҳзае хомўш шуд ва боз гирист... умедвор буд, ки ин марди ҷоҳил аз хусуси модараш чизе мегўяд, баракс мепурсад, ки очат ку? Очат гуфту дили писаракро олуғда кард, гирёнд, инак ба басанда карданаш рағбат надорад.
Шарифа сари по нишаста, Ёдгорро оғўш кард. Дар ду паҳлўяш писаронаш истода, меларзанд. Модар дарк мекунад ларзиши тани эшонро, вале намедонад, ки аз тарс меларзанд, аз ғазаб меларзанд ва ё хунашон ба хурўш омада. Садои ба ҳам хўрдани дандонашон меояд...
— Ман надонистам, ки ту набераи ин нокас будаӣ, – ба Зуҳур расонида гуфт Шарифа.
— Ман набераи ў не...
— Ёд додӣ-а, қанчиқ? Ба гўшаш хондӣ-а, қанчиқ?!
Ба пурсиши таҳқиромези ў чизе нагуфтанд. Шарифа хомўш оғўш мекард ўро; писарак ба гардани момо часпида, ҳайратзада меистод; писарон дар андешаи чора буданд. Як лаҳза ҳама чиз дар сукут буд ва якбора мисли оби бандро зада дар ҳаракат шуд:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо