Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

— Эн-не, ман Рочи гўр мерам, дар ҳамин ҷоҳо дидаам. Ҳолӣ ба ёдам меояд. Хайр, сиҳат ҳастӣ? Аз Бурҳониддин дарак ҳаст?
— Не, дараке нест.
— Хобаш дидам, даракаша ёфтам... Шўхӣ нафаҳм, пеши зани Кабир рафта будам, дар пушти оина дид... Меояд Бурҳониддин...
Ёдам омад, Шарифабону!
Аз хитоби ў Шарифа тарсида Ёдгорро зери бари ҷома пинҳон кард.
— Ёдам омад! Омад ба ёдам! Бо хотираи ман шўхӣ карда намешавад... Ман ин баччаро дар дасти кадом аёле дидаам... Ҳа, Шарифабону, нагуфта намонад, ки зани Кабир духтари Зуҳурро ҳам хоб дидааст: гўё ў худро дар ҳавзи обе андохтааст, ҳамроҳи кўдакаш... Онҳо зери об рафтаанд. Таги ҳавз даричае пайдо шудааст. Модару кўдак даромадаанд. Он ҷо биҳишт будааст ва ҳоло онҳо дар биҳишт зиндагӣ мекардаанд...
— Бегуноҳ бошад, чунин шавад...
— Чунин мегўянд, лекин ман бовар надорам... Ман ин фисинро дар куҷое дидаам, унту дор, бинам, ёдам меояд.... Ҳо! Волло дидаам... Хайр, ман рафтам, Шарифабону, боз меоям...
...Ва ў дер наомад; дили Шарифаро дар панҷаи гургон гузошта, дигар наомад. Шарифа аҳд кард, ки аз ў пурсад, то ин ҷо будани кўдакро овоза накунад, вале худдорӣ кард. «Омад ба сарам, аз он чӣ метарсидам...»
— Шарифабону! Ҳо, Шарифабону!
Садо омад аз паси дарвоза ва Шарифа гумон кард, ки ин давоми хаёлаш аст, вале вақте ки дарвоза ғарчӣ садо дода, кушода шуд, ў сар афшонда, ба худ омад ва дид, ки Моҳбӣ тори сар табақеро гузошта ва ду дасташ ба ғоз дода риштани пашм банд, даромада омад.
— Ёдатон ба хайр, холаи Моҳбӣ, пеши чашмам будед ва мегуфтед, ки барои Бурҳониддин гилем мебофам.
— Ту чӣ гумон кардӣ? Гилем аз Бурҳониддин беҳ аст? Мебофам, пойандозаш мекунам... Гумонат ман дар ин чанд рўз куҷо будам?
— Пашм риштед, гилем мебофтед.
— Неъ! Наёфтӣ... Ман Роч рафта будам...
— Роч? – як қад парид Шарифа.
— Ҳо, Роч... Рафтам, хоҳаратро дидам, гап кушодам. Ў гуфт, ки ман пеши апаам бачча-мачча нафиристодаам... Чаро дурўғ мегўӣ? Шинохтам ин кўдакро!
— Ман ўро надуздида бошам, ёфтам... Аз буни девори Мазор.
Вале нашинохтам...
— Бибӣ шуда, нашиносӣ набераро... ин чӣ замонест?... Лекин Зуҳур ҳамту намемонад... Медонӣ, ҳозир ў кист? Амин! Амини деҳа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё