Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Ва Шарифаи каммадор хоҳад, ки зўри ин той дар ў бошаду Самандро лаҷом занад; либоси мардона пўшида, пой дар рикоб таранг кунад ва шамшер дар ҳаво ҷавлон дода, паррон аз рахнаи боғи Зуҳур дарояд ва сар аз тани ў ҷудо сохта бозгардад... ва дар паҳнои дашт шамшер тори сар гардонда асп тозонад, ки Аҳриманро кушт... «Ҳай сабил монада... мадори рафта мисли умри рафта барнамегаштааст...» Худ ба худ гуфт ў ва аз ошхона намадкўҳнаеро баровард, то пушти Самандро пўшад... Саманди хомўш баробари дар пушташ афтидани намад ҷасту хез кард, чароғпоя гашт, шиҳа кашид то аз пушташ афтидани намад... Хайр, дигар намекунам, хунук нахўрӣ, гуфтам... некиро намефаҳмида бошӣ, лозим нест...
Ту чунин қайсар бошӣ, матлабу муроди ман чӣ шавад? Барбод раванд нақшаҳоям; нақшаҳое ки ақли зан нарасад ба он... Бурҳон мешуд, мадад мекард, туро зин зада, савора мекард... онгоҳ ман метавонистам саворӣ омўзам ва коре, ки хоҳам, бикунам. Ҷўраву Сангин ҳоло кўдак ҳастанд, кўмак карда натавонанд, зеро ба касе кин наварзидаанд, ғазаб надоранд; ақлашон надавад ба ин чизҳо... надонанд, ки падарашонро Зуҳур ҷабран кушт... Шояд калон шуда, сарфаҳм раванд ба ин чиз...
— Ҷўра, Сангин! Шумо Самандро савор шуда метавонед?!
– баробари ҳезуми пуштора ба замин гузоштанашон аз писарон пурсид модар. Онҳо ба модар ҷавоб нагуфтанд, балки ба ҳамдигар нигоҳ карда, хандиданд.
— Раҳораҳ дар чунин фикр будем, ки модар савора кардани Самандро рухсат медода бошанд? – барфи бар тоқӣ нишастаро афшонда гуфт Ҷўра.
— Агар тавонед, чаро «не» гўям?
Кўдак рўи ҷогаҳ хоболуд буд, ба чизе сарфаҳм намерафт, касеро меҷуст.
— Ба хонақоҳ равед, бинед, ки пай куҷо рафтааст, – ба писарон фармуд модар. Шояд Боғи Гарон рафта бошад, шояд дар ягон боғхона бошад ва ё Дупула... Медонед-а, каси ҷониби Дупула рафта барнагаштааст.
...Ва боз Ҷўраву Сангин нафасгардон омаданд: «Ҷониби Боғи Гарон ягон пай нарафтааст.»
— Пеши очам мерам! – ғаш кард кўдак ва Шарифа намедонист, ки ўро чун ором кунад.
— Ту донӣ, ки мо шахи баланд дорем, баҳорон уқоб он ҷо лона монад, чўҷа барорад. Чўҷаҳояш аз тори шах рост парида, аввал ба хонаи мо оянд, баъд ба дигар ҷоҳо раванд...– диққати писарак ба чунин бофтаи Шарифа ҷалб шуд ва ў идома дод:– Дар чанори баланди Чилламазор аспи пайғомбар ошён гузорад, мисли уқоб чўҷа барорад. Морҳои газандаро дошта, дар чанголаш кашол карда, аз тори хонаи мо гузарад. Морро назди чўҷаҳояш бурда, аввал ба чашму сараш, сонӣ ба тану думаш нўл зада, пок покиза хўранд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё