Зеҳн
Сорбон. Куллиёт. Ҷилди 6

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 421 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Оҳо, баччаҳо! Самандро рафта намеоред?
Писарон дар боғ аз модар пинҳон гашта, ҷавобе нагуфтанд.
Шарифаи каммадор сари девор рафт ва сар аз сари девор боло карда пурсид:
— Самандро намеоред?
— Самандро?! – баробар пурсида ба ҳамдигар нигаристанд онҳо.
Модар аз суоли писарон чӣ маънӣ кашид, ки аз рахна гузашт ба боғ ва пурсид:
— Дулдулро кай меоред?
— Намеорем...
— Чаро?
— Лозим нест.
— Лозим аст!
...Ва онҳо Самандро оварданд: рўзе ки барфи аввал борида буд, онро аз пушти шахи Гаҳвора пайдо карда, вале дошта натавониста, пеш андохта, оварда, дар ҷари Хокканак ҷо карданд, ба гарданаш ҳалка андохтанд...
Баробари дидани Саманд чашми Шарифа равшан шуд; гумонаш Бурҳонро дид. Саманд, ки аз дари оғил намедаромад, онро дар як гўшаи айвон бастанд ва худи Шарифа аз санг охур сохта, каҳбеда андохт. Шарифа Самандро хорумол мекард ва ба чашмони калон-калонаш менигарист, ки онҳо дунёро дар худ ҷой дода бошанд. «Бурҳон меояд-а, Саманд?» Саманд як кишна карда ва гардан тофта, ба дарвоза нигарист. Шарифа низ бар асари нигоҳи Саманд ҷониби дарвоза нигашт. Дарвозаро баста дид: «Ягон хабарро пай бурдӣ? Ягон касро дидӣ, Саманд?» Саманд ба ҷои ҷавоб дум афшонд ва сар ба охур бурда каҳбедаро бўй кашид. Гўш сих дошта сум кўфт. «Чаро безобитаӣ? Аз озодӣ маҳрум кардем, барои ҳамин?» Пасон бар асари нигоҳи Саманд ҷониби дарвоза рафт ва баробари як табақаи онро кушодан мўи сараш рост шуд:
зани никоҳии Бурҳон бачча дар бағал гунгу хамўш паси дарвоза меистод. Шарифа низ гунгу хамўш буд...
Писарчаи сари дасти Норӣ хеле ба Шарифа нигарист ва рў гардонда, сахт ба модараш часпид. Боз ба Шарифа нигоҳ карду хандид ва завқида, ба модар ҷафс шуда, аз гарданаш оғўш кард...
Шарифа чашм пўшиду кушод ва аз дил гузаронд, ки чаро ин вақтҳо – дар хобаш ҳам, дар бедориаш ҳам воқеаву ҳодисаҳои гайри чашмдошт мебинад.
— Барои ин кўдак дар хонаи бобош ҷой нест?! – якбора матлаб изҳор кард арўс.
— Дар хонаи кӣ ҷой ҳаст барои чунин кўдак? – андеша накарда гуфт Шарифа ва ҳамон лаҳза пушаймон шуд: «Ин хел гуфтан лозим набуд». Қадами аз остона бурун гузоштаро дарун гирифт ва хост табақаи дарвозаро пўшад, ки писарча боз завқ кард:

пешина
аз 421
навбатӣ